Тоҷикистон ва БОР оид ба грантҳои қаблан тасдиқшуда санадҳо ба имзо расониданд

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи ду грант ба маблағи умумии 71 млн доллар, ки қаблан маъқул дониста шуданд, санадҳо ба имзо расониданд. Ин маблағҳо ба бозсозии муҳити тиҷорат, рушди тиҷорати хурду миёна ва афзоиши истеҳсоли энергияи барқароршаванда равона мегарданд.

Созишномаро дар Душанбе рӯзи 12 август вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ Шенни Кэмпбелл имзо карданд.

“Барномаи беҳбуди муҳити устувори корӣ ба маблағи 50 млн доллар ба бозсозии муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон, аз ҷумла тариқи рақамисозӣ, ислоҳот дар самти афзоиши содирот, беҳтар намудани идоракунии зерсохтор, шаффофияти молиявӣ ва дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи муҳити кориашон устувор равона мегардад”, – зикр мешавад дар иттилоияи намояндагии Бонк дар ҷумҳурӣ.

Гранти дигар ба маблағи 21 млн доллар ба иваз намудани агрегати №4 дар НБО “Сарбанд” имкон медиҳад. Ин агрегат бар асари пайдо шудани нуқсони механикӣ дар таҷҳизот соли 2019 корношоям шуда буд. Пас аз таъмиру навсозии пурраи неругоҳ иқтидори муқарраршудаи он аз 240 мегаватт дар соли 2012 то ба 274 мегаватт дар соли 2026 зиёд мешавад.

Гранти аввал аз ҷониби Шӯрои мудирони БОР охири моҳи июл ва гранти дуюм – аввали моҳи август маъқул дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2018 Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд танҳо бар асоси бебозгашт кумаки молиявӣ мегирад.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон – аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия – ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...