Дар Маскав ба даҳҳо муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русия даъватномаи ҳарбӣ супурданд

Asia-Plus

Намояндагони шӯъбаи тафтишоти ҳарбии Кумитаи тафтишотии шаҳри Маскав дар ҳамдастӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҳавзаи маъмурии шарқии пойтахти Русия бо мақсади ошкор намудани далелҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин санҷиши риояи қонунгузорӣ аз ҷониби муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, рейд гузарониданд. Дар ин бора «Коммерсант» хабар медиҳад.

Санҷиш дар автовокзали наздикии метрои «Щелковская», инчунин дар анбори нигаҳдории сабзавот ва хостелҳо (хобгоҳҳо) гузаронида шуд. Дар натиҷа ба даҳҳо нафар аз хориҷиёне, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, даъватномаҳо барои гузоштан ба қайди ҳарбӣ супорида шуд. Дар бораи он ки даъватномаҳо ба шаҳрвандони кадом кишварҳо дода шудаанд, маълумот дода нашудааст.

Чанд рӯз пештар кормандони ҳифзи ҳуқуқи Санкт-Петербург низ дар ҷойҳои кории муҳоҷирон як рейди васеъ гузарониданд.

Дар ин рейд беш аз 250 корманди полис ба бозорҳои калони яклухтфурӯшии шаҳр омада, аз миёни 2 ҳазор коргарони санҷидашуда зиёда аз 100 муҳоҷирро, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштанд, ошкор карданд. Ҳамаи онҳо ба шуъбаҳои пулис бурда шуда, нисбаташон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид. Ҳоло масъалаи ихроҷи онҳо баррасӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута дар Маскав ва минтақаҳои Русия мунтазам чунин рейдҳо баргузор мекунад. Ин санҷишҳо дар моҳҳои охир, пас аз амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл», ки дар он муҳоҷирон аз Тоҷикистон айбдор карда шуданд, хеле зиёдтар шуданд.

Рейдҳо дар ҷойҳои зист ва кории муҳоҷирон –анбору бозорҳо, корхона ва ҳатто дар масҷидҳо гузаронида мешаванд. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт ва ихроҷ мешаванд. Ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, даъватномаҳо барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан супурда мешавад. Бисёре аз онҳо аз комиссариати ҳарбӣ дарҳол ба хидмати ҳарбӣ фиристода мешаванд.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин моҳи июн изҳор дошта буд, ки дар ҷараёни рейдҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, лекин худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, ошкор шудаанд. Ҳудуди 10 ҳазор нафари онҳо ба амалиёти ҳарбии махсус (СВО) ба Украина фиристода шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...