Дар Маскав ба даҳҳо муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русия даъватномаи ҳарбӣ супурданд

Намояндагони шӯъбаи тафтишоти ҳарбии Кумитаи тафтишотии шаҳри Маскав дар ҳамдастӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҳавзаи маъмурии шарқии пойтахти Русия бо мақсади ошкор намудани далелҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин санҷиши риояи қонунгузорӣ аз ҷониби муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, рейд гузарониданд. Дар ин бора «Коммерсант» хабар медиҳад. Санҷиш дар автовокзали наздикии метрои «Щелковская», инчунин дар […]

Намояндагони шӯъбаи тафтишоти ҳарбии Кумитаи тафтишотии шаҳри Маскав дар ҳамдастӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҳавзаи маъмурии шарқии пойтахти Русия бо мақсади ошкор намудани далелҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин санҷиши риояи қонунгузорӣ аз ҷониби муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, рейд гузарониданд. Дар ин бора «Коммерсант» хабар медиҳад.

Санҷиш дар автовокзали наздикии метрои «Щелковская», инчунин дар анбори нигаҳдории сабзавот ва хостелҳо (хобгоҳҳо) гузаронида шуд. Дар натиҷа ба даҳҳо нафар аз хориҷиёне, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, даъватномаҳо барои гузоштан ба қайди ҳарбӣ супорида шуд. Дар бораи он ки даъватномаҳо ба шаҳрвандони кадом кишварҳо дода шудаанд, маълумот дода нашудааст.

Чанд рӯз пештар кормандони ҳифзи ҳуқуқи Санкт-Петербург низ дар ҷойҳои кории муҳоҷирон як рейди васеъ гузарониданд.

Дар ин рейд беш аз 250 корманди полис ба бозорҳои калони яклухтфурӯшии шаҳр омада, аз миёни 2 ҳазор коргарони санҷидашуда зиёда аз 100 муҳоҷирро, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштанд, ошкор карданд. Ҳамаи онҳо ба шуъбаҳои пулис бурда шуда, нисбаташон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид. Ҳоло масъалаи ихроҷи онҳо баррасӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута дар Маскав ва минтақаҳои Русия мунтазам чунин рейдҳо баргузор мекунад. Ин санҷишҳо дар моҳҳои охир, пас аз амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл», ки дар он муҳоҷирон аз Тоҷикистон айбдор карда шуданд, хеле зиёдтар шуданд.

Рейдҳо дар ҷойҳои зист ва кории муҳоҷирон –анбору бозорҳо, корхона ва ҳатто дар масҷидҳо гузаронида мешаванд. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт ва ихроҷ мешаванд. Ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, даъватномаҳо барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан супурда мешавад. Бисёре аз онҳо аз комиссариати ҳарбӣ дарҳол ба хидмати ҳарбӣ фиристода мешаванд.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин моҳи июн изҳор дошта буд, ки дар ҷараёни рейдҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, лекин худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, ошкор шудаанд. Ҳудуди 10 ҳазор нафари онҳо ба амалиёти ҳарбии махсус (СВО) ба Украина фиристода шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.