Коҳиши ҷиноят аз сӯи муҳоҷирони корӣ дар Русия

Asia-Plus

Дар ҳафт моҳи соли равон (январ-июл) шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия 3,1 фоиз коҳиш ёфта, дар маҷмуъ, сатҳи ҷиноят миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар 5 дарсад поин шудааст. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия дар “Телеграм канал”-и худ хабар додааст.

Ӯ навиштааст, ки “чораҳои андешидашудаи Вазорати корҳои дохилии Русия ба таҳкими тамоюли коҳишёбии шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мусоидат карданд”.

Мушаххас аз чораҳо ном набурдааст.

Номбурда гуфтааст, ки дар ҳафт моҳ (январ-июл) сатҳи ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар қариб 5% коҳиш ёфта, ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи муҳоҷирон 3,1% кам шудаст.

“Шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини содирнамудаи шаҳрвандони хориҷӣ 9,2% кам шуд. Аз ҷумла куштор ва суиқасд ба куштор – 14%, ҷиноятҳо алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии шахсӣ – 2,5% ва ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир – 21,7% коҳиш ёфтааст”, – навиштааст Ирина Волк.

Баҳси содир шудани ҷиноят аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия солҳост, ки доғ аст. Чанд сол аст мақомдорони баландпояи Русия, махсусан роҳбари Кумитаи тафтишоти ин кишвар Александ Бастрикин даъво пеш меоранд, ки дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби онҳо сол аз сол афзоиш меёбад.

Вале як далелсанҷии кӯтоҳи “Азия-Плюс” дар соли 2023 собит кард, ки аз соли 2022 инҷониб сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои ИДМ сол аз сол коҳиш ёфта, шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби онҳо содир мешавад, танҳо 3 ё 4 дарсади шумораи умумии ҷиноятҳои дар Русия содиршударо ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия дар моҳи майи соли 2024 гуфта буд, ки “сатҳи ҷинояткорӣ начандон баланд аст.  Ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар сурати умум 4%-ро ташкил медиҳанд”.

Аммо ӯ ҳам оморӣ мушаххас ироа накарда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...