Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”

Дар Шӯрои Федератсия номзад ба вазифаи вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев хабар дод, ки муҳоҷирон ҳамагӣ дар 4%-и ҷиноятҳо дар ин кишвар даст доранд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. “Дар мавриди сатҳи ҷинояткорӣ ин рақам начандон баланд аст.  Ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар сурати умум 4%-ро ташҳкил медиҳанд”, – иброз доштааст ӯ […]

Asia-Plus

Дар Шӯрои Федератсия номзад ба вазифаи вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев хабар дод, ки муҳоҷирон ҳамагӣ дар 4%-и ҷиноятҳо дар ин кишвар даст доранд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

“Дар мавриди сатҳи ҷинояткорӣ ин рақам начандон баланд аст.  Ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар сурати умум 4%-ро ташҳкил медиҳанд”, – иброз доштааст ӯ рӯзи 14 май дар ҷаласаи пленарии Шӯрои Федератсия.

Дар ҳамин ҳол, Колоколтсев эътироф кардааст, ки рафтори муҳоҷирон дар ҷомеа нигаронӣ ба бор меорад.

“Ва мо маҷбурем, ки баъзе ҳолатҳои ҷудогонаро ба инобат гирем. Онҳо тавре рафор мекунанд, ки тамоми ҷомеаро ба изтироб меорад”, – гуфтааст ӯ.

Вазир доир ба тағйирот дар раванди танзими муҳоҷирати корӣ ва пурзӯр шудани назорат аз болои хориҷиёни ба кишвар воридшуда маълумот додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилии Русия ба омода кардани ислоҳот дар соҳаи муҳоҷират машғул буда, аллакай аз ҳозир амалҳои ин ниҳод ба пурзӯр кардани назорат ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия равона шудааст.

Он ҷиҳати ба тартиб даровардан ва қонунигардонии будубоши онҳо, аз зери соя берун овардани ҳарчи бештар муҳоҷирон ва назорати шадидтар аз болои онҳо нигаронида шудааст.

“Мо набояд аз ҳад гузаронем. Мо набояд ба афзоиши рӯҳияи бегонситезӣ ва тадбирҳои беасоси таъсиррасонӣ ба ин шаҳрвандон роҳ диҳем. Душманони стратегии мо мехоҳанд, ки дар дохили кишвари мо вазъият байни табақаҳои гуногуни аҳолиро шиддат бахшанд ва бо табассум бубинанд, ки мо чӣ ҳол дорем. Мо набояд ба ин роҳ диҳем”, – таъкид доштааст роҳбари ВКД.

Қаблан намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар бораи ба поён расидани таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи сангинтар кардани қонунгузории муҳоҷират хабар дода буд. Дар ин санад як қатор тағйирот дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, муҳлати будубош шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия то 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ кам карда мешавад. Ҳамчунин ҳатман супоридани изи ангуштон (дактилоскопия) ва суратгирии ҳамаи шахсони ба ишвар воридгардида ҷорӣ мешавад.

Давоми чандин сол мақомдорони баландпояи Русия, махсусан роҳбари Кумитаи тафтишоти ин кишвар Александ Бастрикин даъво пеш меоварданд, ки дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби онҳо сол аз сол афзоиш меёбад.

Баъди як қатор чунин изҳорот “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки муайян кунад – оё воқеан ҳам муҳоҷирон дар Русия ин қадр зиёд ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар ин кишварро давоми 5 соли охир муқоиса кунад.

Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи мо – “Фактчек. Дар Русия муҳоҷирон воқеан аз ҳама бештар ҷиноят содир мекунанд?” қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио