Маблағи хидмати ҳарбии пулакӣ барои барқарор кардани фурудгоҳҳои маҳаллӣ сарф мешавад

Asia-Plus

Беш аз 20 фурудгоҳи маҳаллӣ, ки аз ихтиёри ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар давра ба давра ба тавозуни Вазорати дифои Тоҷикистон гузаронида шуданд, аз ҳисоби маблағи хидмати пулакии ҳарбӣ барқарор карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанд пеш бо имзои як қарор ду фурудгоҳи дигари маҳаллӣ – фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллии ноҳияҳои Муъминобод ва Ҷалолиддини Балхиро аз ихтиёри ду ҳукумати маҳаллӣ берун ва ба ихтиёри Вазорати дифоъ гузошт.

Қарор дар ин бора рӯзи 1-уми июн имзо шуд ва матни он дар пойгоҳи иттилоотӣ – ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Дар қарор гуфта шудааст, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое, ки барои адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ (хадмати ҳарбии пулакӣ – аз идора) пешбинӣ гардидаанд, барқарорсозӣ ва дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани фурудгоҳҳоро таъин кунад.

Зимнан, бо имзои ин қарор шумораи фурудгоҳҳои маҳаллӣ, ки аз тавозуни мақомоти маҳаллӣ ба ихтиёри Вазорати дифоъ гузашт, ба 21 адад расид.

Моҳи августи соли гузашта, ҳукумати кишвар бо қабули як қарор 18 фурудгоҳ ва моҳи декабри соли 2021 бо қарори дигар 1 фурудгоҳи маҳаллиро аз моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо берун ва ба ихтиёри Вазорати дифоъ гузошта буд.

Дар қарори соли гузашта ҳам гуфта шуда буд, ки Вазорати дифоъ аз ҳисоби маблағҳои хидмати ҳарбии пулакӣ ин фурудгоҳҳоро барқарор ва дар ҳолати омодабош қарор диҳад.

Вале дар қарори соли 2021, ки танҳо фурудгоҳи ноҳияи Мурғобро аз ихтиёри мақомоти маҳаллӣ берун ва дар тавозуни Вазорати дифоъ гузошта буданд, гуфта мешуд, ки вазорат “дар доираи маблағҳои сметаи хароҷоти худ” барқарорсозӣ ва дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани фурудгоҳро таъмин кунад.

 

Баъди ба ихтиёри вазорат гузаштани фурудгоҳҳо маблағи хидмат ду баробар гарон шуд

Бодя гуфт, ки баробари ба ихтиёри Вазорати мудофиа гузоштани фурудгоҳҳои маҳаллӣ дар соли гузашта нархи хизмати ҳарбии пулакӣ низ дар Тоҷикистон қариб ду баробар афзоиш ёфт.

Аз 1 сентябри соли гузашта нархи хидмат дар ҳайати захиравӣ ё хидмати ҳарбии пулакӣ аз 30 ҳазор сомонӣ (420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) то ба 54 ҳазор сомонӣ (750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) расонда шуд. Ин ҳамзамон бо қарори ҳукумат дар бораи равонасозии маблағи хизмати пулакӣ барои ободонии фурудгоҳҳои маҳаллӣ амалӣ шуд.

Қимати хизмати пулакӣ метавонад ҳамасола тағйир ёбад, чун он аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа мушаххас мешавад. Имсол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст.

Соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.

Тибқи маълумоти вазорат, аз соли 2021 то моҳи августи соли 2023-юм аз ҳисоби 4 ҳазору 150 нафар ҷавонон, ки бо пардохти маблағ хидмати ҳарбиро адо кардаанд, ба буҷети махсуси Вазорати дифоъ 113,3 млн сомонӣ ворид гардид.

Қаблан гуфта мешуд, ки ин маблағ барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминот, ки ҳангоми гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии саҳроӣ пешбинӣ гардидааст, истифода мешавад.

Ҳамзамон, сарфи маблағи мазкур барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

 

Кадом фурудгоҳҳои маҳаллӣ ба ихтиёри Вазорати дифоъ гузошта шуд?

Ҳамин тариқ, рӯйхати фурудгоҳҳое, ки ба тавозуни Вазорати мудофиаи кишвар гузаронида шудаанд, инҳоянд:

1. Фурудгоҳи Мурғоб

2. Фурудгоҳи ноҳияи Панҷ

3. Фурудгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

4. Фурудгоҳи Даштиҷум

5. Фурудгоҳи Йол

6. Фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ

7. Фурудгоҳи шаҳри Истаравшан

8. Фурудгоҷи ноҳияи Ашт

9. Фурудгоҳи шаҳри Конибодом

10. Фурудгоҳи шаҳри Панҷакент

11. Фурудгоҳи ноҷияи Ишкошим

12. Фурудгоҳи ноҳияи Рӯшон

13. Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ

14. Фурудгоҳи Қалъаихумб

15. Фурудгоҳи Сағирдашт

16. Фурудгоҳи ноҳияи Лахш

17. Фурудгоҳи Лахш

18. Фурудгоҳи ноҳияи Тоҷикобод

19. Фурудгоҳи ноҳияи Рашт

20. Фурудгоҳи ноҳияи Муъминобод

21. Фурудгоҳи Ҷалолиддини Балхӣ

Зимнан, коршиносон бар ин назаранд, ки дар ихтиёри Вазорати дифоъ гузоштани фурудгоҳҳои маҳаллӣ ба он маъно аст, ки ҳукумати кишвар мехоҳад, ҳавонавардии низомиро рушд диҳад. 

Бояд гуфт, ки ҳоло парвозҳо танҳо аз чаҳор фурудгоҳи байналмилалии кишвар: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегиранд.

Пас аз таҷдиди сохтори Ширкати “Тоҷик Эйр” дар соли 2008 ин чаҳор фурудгоҳ мақоми байнулмилалӣ гирифтанд ва ба субъектҳои мустақили иқтисодӣ табдил ёфтанд.

Фурудгоҳи Хоруғ ба як воҳиди сохтории Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе табдил ёфт ва 29 фурудгоҳи маҳаллии хурд ба тавозуни мақомоти маҳаллӣ дода шуда, бинобар набуди маблағ барои нигоҳдории онҳо фаъол набуданд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...