Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ тарзи солимгардонии “Барқи тоҷик”-ро пайдо карданд

Ҳукумати Тоҷикистон ба солимгардонии молиявии “Барқи тоҷик” то соли 2031 дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ уҳдадор шуд. Дар ин бора Агентии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings бо истинод ба маълумоте, ки аз вазорату идораҳои дахлдор барои муайян кардани радабандии мустақили қарзии кишвар гирифта шудааст, хабар медиҳад. Қарзи зиёди «Барқи тоҷик» дар назди қарздиҳандагони […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба солимгардонии молиявии “Барқи тоҷик” то соли 2031 дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ уҳдадор шуд.

Дар ин бора Агентии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings бо истинод ба маълумоте, ки аз вазорату идораҳои дахлдор барои муайян кардани радабандии мустақили қарзии кишвар гирифта шудааст, хабар медиҳад.

Қарзи зиёди «Барқи тоҷик» дар назди қарздиҳандагони хусусӣ ва таҳвилгаронро коршиносони агентӣ бо «фурӯши барқ аз ҷониби ширкат бо нархи поинтар аз сатҳи баргардонидани хароҷот » шарҳ медиҳанд.

Дар гузориши S&P гуфта мешавад, ки «то соли 2027 боло бурдани тарифҳои миёнаи дохилӣ то сатҳи пурраи баргардонидани хароҷот ва коҳиши зарарҳои техникӣ ва тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст».

Дар он ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳукумат соли 2022 нархи неруи барқро барои истеъмолгарони маишӣ (аҳолӣ) ва саноатӣ 17% ва дар соли 2024  боз 15% боло бурд.

Тибқи арзёбиҳои коршиносони S&P, уҳдадориҳои корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла қарзу ҷарима ва дигар қарзҳо тақрибан 35% ММД-и кишварро ташкил медиҳанд, ки 90%-и он ба «Барқи тоҷик» рост меояд.

Онҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди ин, ҳукумат ба кафолат додани қарзҳои хориҷии «Барқи тоҷик» идома медиҳад.

Қарзи умумии ҶСК «Барқи тоҷик», ки тамоми бастаи саҳмияҳои он дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, дар аввали соли ҷорӣ беш аз 37,4 млрд сомонӣ (тақрибан 3,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки то соли 2016 нархи барқ ​​танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъд аз он ҳар сол боло бурда мешуданд. Истисно солҳои 2020 ва 2021 буд, ки ҳукумат бинобар оқибатҳои пандемияи COVID-19 аз боло бурдани нархи барқ худдорӣ кард.

Ахиран тарифҳо барои ҳамаи категорияи истеъмолгарон аз 1 январи соли равон зиёд шуданд. Истеъмолгарони маишӣ айни замон барои 1 киловатт-соат барқ 30,75 сомонӣ (2,9 сент) маблағ пардохт мекунанд.

Ба сурати умум арзиши барқ барои аҳолӣ тайи даҳсолаи ахир 3,4 баробар боло рафт: аз 9 дирам барои 1 киловатт-соат дар моҳи январи соли 2010 то 30,75 дирам дар айни замон.

Болоравии арзиши барқро сохторҳои марбута, аз ҷумла ба тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ марбут медонистанд, ки қарздиҳандаи асосии кишвар мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз дар аввали соли 2010 тавсия дода буд, ки бо мақсади истифодаи оқилонаи неруи барқ, тарифҳо барои истеъмолгарони маишӣ то 3,5 сент боло бурда шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио