Сафари давлатии Тоқаев дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Раисҷумҳури Қазоқистон бо киҳо мулоқот кард ва кадом масоил баррасӣ гардид?

Имрӯз 23‑юми август сафари давлатии дурӯзаи раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Ӯро шахсан Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гусел кард.  Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳур хабар дод. Дар рӯзи дуюми сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, Токаев як бо Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки […]

Asia-Plus

Имрӯз 23‑юми август сафари давлатии дурӯзаи раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Ӯро шахсан Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гусел кард.  Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳур хабар дод.

Дар рӯзи дуюми сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, Токаев як бо Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, иштирок кард.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза, маҳсулоти нонӣ ва навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шудааст.

“Дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош” Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо таомҳои миллӣ, ба мисли намудҳои мухталифи ош, ки аз ҷониби ошпазҳо бо санъати баланд омода карда шуда буд, шинос шуданд”, ‑ омадааст дар хабар.

 

Мулоқоти Токаев бо Расулзода ва Зокирзода

Ҳамчунин, дар идомаи сафари давлатӣ Қосим-Жомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо Қоҳҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон мулоқот анҷом дод ва масъалаҳои ҳамкориҳои  дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Ба навишти манбаъ дар ин вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки  Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарики стратегӣ дар минтақа аст. Мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2023 беш аз 1 миллиард долларро ташкил мекунад ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки дар оянда ин ададро ба 2 миллиард доллар мерасонанд.

Айни замон дар Тоҷикистон қариб 80 корхонаи муштарак бо Қазоқистон  фаъолият мекунад.

Дар маҷмуъ байни Тоҷикистону Қазоқистон беш аз 150 санади ҳамкорӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин Қосим-Жомарт Токаев, расиҷумҳури Қазоқистон бо Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ мулоқот намуд.

Ба иттилои манбаъ дар вохӯрӣ таъкид шудааст, ки байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси парлумони Қазоқистон дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст.

Баъди нисфирӯзии 23 – юми август  сафари давлатии Қосим-Жомарт Токаев, расиҷумҳури Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Эмомалӣ Раҳмон шахсан ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт гусел кард.

Ёдовар мешавем, ки Қосим-Жомарт Токаев, расиҷумҳури Қазоқистон рӯзҳои 22 – 23 –юми август бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии сарони ду кишвар байни ду давлат 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.  Муҳимтарин созишномае, ки ба имзо расид “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.