Мактаби ба номи Одина Ҳошим гузошташуда пагоҳ ифтитоҳ мешавад

Пагоҳ, 27-уми август дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошимро баъди азнавсозӣ ба истифода медиҳад. Дар ин бора як манбаъ аз мактаби мазкур ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод. Ин мактаби санъат қаблан номи Муҳиддин Аминзодаро дошт. Вале чанде қабл бо қарори раиси шаҳри Душанбе "Мактаби […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 27-уми август дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошимро баъди азнавсозӣ ба истифода медиҳад.

Дар ин бора як манбаъ аз мактаби мазкур ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Ин мактаби санъат қаблан номи Муҳиддин Аминзодаро дошт. Вале чанде қабл бо қарори раиси шаҳри Душанбе "Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода" ба "Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим" ивази ном кард.

Дар ин бора саҳифаи "Фейсбук"-и рӯзномаи "Паёми Душанбе", нашрияи расмии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Одина Ҳошим овозхон, навозанда ва оҳангсози шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1937 таваллуд шудааст. Ӯ унвони Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистонро дошт ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ буд.

Одина Ҳошим мактаб ва сабки хосси сурудхонӣ дошт. “Гулъизори ман куҷост?”, “Рафтӣ”, “Охир эй сарви хиромон, зи кадомин чаманастӣ?”, “Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро”, “Хиҷил аст сарви бӯстон бар қомати баландаш”, “Куҳандиёро”, “Ало, хамзада кокул”, “Ҷингилак мӯй дорӣ”, “Дилфиребам аз ғамат сабзинае”, “Хирмани гул”, “Моҳи ман”, “Хами зулф”, “Мадоро накунӣ” аз машҳуртарин сурудҳои ӯ аст.

Одина Ҳошим соли 1993 оламро тарк карда дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе дафн шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.