Пирӯзии навбатии Самандар Муродов. Ӯро ҳоло касе мағлуб накардааст

Date:

Яке аз размикорони ояндадори дивизиони нимавазнӣ Самандар Муродов бо амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-3) дар доираи қувваозмоиҳои нимфиналӣ дар мусобиқаи Road To UFC дар Лас-Вегас рақобати навбатиашро барпо кард.

Рзмикори тоҷик дар натиҷа пайдарпай бори 11-ум бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) ғалаба ба даст овард ва ин рекорди нави Самандар аст – 11-0 (7 финиш).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас ин пирӯзӣ ҳоло дар бораи қарордод бо UFC ҳоло сухан гуфтан барвақт аст, лекин ҳама чиз имконпазир аст.

Барои Муродов ин аллакай ғалабаи 2-юм дар доираи ин мусобиқа аст – қаблан ӯ бар намояндаи Бразилия Ҷиан Сикуэйра дастболо шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Road to UFC дар муддати тамоми мавҷудияташ 13 мусобиқа гузаронида шуда, 59 рақобат доир гардидааст. Дар ин рақобатҳо 37 размикор ҳадди ақалл 1 бор ғалаба ба даст овардаанд. Аз 37 размикор ҳамагӣ 10 нафарашон бо UFC қарордод ба имзо расониданд.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки  ворид шудан ба UFC хеле душвор аст.

Коршиноси ММА Далер Латипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамаааш аз рақобатҳо, сатҳи мусобиқа ва худи варзишгар вобаста аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Ҳоло ба UFC ворид шудан хеле мушкил аст, зеро дар он ҷо варзишгарон хеле зиёданд ва ҳоло як навъ тоза кардани ҳайат идома дорад, то ки баъдан ба осонӣ варзишгарони навро ба узвият қабул кунанд», – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...