Пирӯзии навбатии Самандар Муродов. Ӯро ҳоло касе мағлуб накардааст

Яке аз размикорони ояндадори дивизиони нимавазнӣ Самандар Муродов бо амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-3) дар доираи қувваозмоиҳои нимфиналӣ дар мусобиқаи Road To UFC дар Лас-Вегас рақобати навбатиашро барпо кард. Рзмикори тоҷик дар натиҷа пайдарпай бори 11-ум бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) ғалаба ба даст овард ва ин рекорди нави Самандар аст – 11-0 (7 […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Яке аз размикорони ояндадори дивизиони нимавазнӣ Самандар Муродов бо амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-3) дар доираи қувваозмоиҳои нимфиналӣ дар мусобиқаи Road To UFC дар Лас-Вегас рақобати навбатиашро барпо кард.

Рзмикори тоҷик дар натиҷа пайдарпай бори 11-ум бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) ғалаба ба даст овард ва ин рекорди нави Самандар аст – 11-0 (7 финиш).

Пас ин пирӯзӣ ҳоло дар бораи қарордод бо UFC ҳоло сухан гуфтан барвақт аст, лекин ҳама чиз имконпазир аст.

Барои Муродов ин аллакай ғалабаи 2-юм дар доираи ин мусобиқа аст – қаблан ӯ бар намояндаи Бразилия Ҷиан Сикуэйра дастболо шуда буд.

Дар Road to UFC дар муддати тамоми мавҷудияташ 13 мусобиқа гузаронида шуда, 59 рақобат доир гардидааст. Дар ин рақобатҳо 37 размикор ҳадди ақалл 1 бор ғалаба ба даст овардаанд. Аз 37 размикор ҳамагӣ 10 нафарашон бо UFC қарордод ба имзо расониданд.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки  ворид шудан ба UFC хеле душвор аст.

Коршиноси ММА Далер Латипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамаааш аз рақобатҳо, сатҳи мусобиқа ва худи варзишгар вобаста аст.

“Ҳоло ба UFC ворид шудан хеле мушкил аст, зеро дар он ҷо варзишгарон хеле зиёданд ва ҳоло як навъ тоза кардани ҳайат идома дорад, то ки баъдан ба осонӣ варзишгарони навро ба узвият қабул кунанд», – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.