Аз агрегати чоруми НБО “Норак” то корхонаи равғанбарорӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак боз кадом иншоотро ифтитоҳ кард?

Date:

Имрӯз, 30-юми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак рафт. Зимни ин сафар агрегати чоруми НБО “Норак”,  корхонаи равғанбарории ҶДММ “Тоҷик глобал инвест”, Варзишгоҳи марказӣ ва Беморхонаи марказии шаҳри Норакро ифтитоҳ кард.

Дар ин бора хадамоти матуботии раисҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст агрегати чоруми нерӯгоҳи “Норак”-ро баъди таҷдид ба истифода дод. Гуфта мешавад, дар айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар нерӯгоҳи Норак идома дошта, дар маҷмуъ он тақрибан пурра таҷдид мегардад.

Бояд гуфт, ки корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар НБО “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои он 35 миллиону 193 ҳазор евро сарф гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар идомаи сафари корӣ, раисҷумҳур корхонаи равғанбарории ҶДММ “Тоҷик глобал инвест”-ро ифтитоҳ кард. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 10 тонна равғанро бо тамғаи “Равғани олии Норак” истеҳсол мекунад. Дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки ҶДММ “Тоҷик глобал инвест” аз тарафи соҳибкор Хуҷамурод Азимов бунёд шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Ҳамчунин дар шаҳри Норак “Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак” ифтитоҳ гардид.

Гуфта мешавад, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида ва барои корҳои сохтмонии он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф шудааст. Варзишгоҳи мазкур 10 ҳазор ҷойи нишаст дорад ва масоҳати умумии он 4,3 гектар аст.

Биноҳои дохили варзишгоҳ аз 4 қисм иборат буда, қисми 1-ум ду ошёнагӣ  ва қисмҳои 2, 3, 4-ум як ошёнагӣ мебошад. Дар варзишгоҳ ҳуҷраҳо барои варзишгарон, ҳуҷра барои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мавҷуд аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бинои “Беморхонаи марказии шаҳри Норак”-ро пас аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ карда бо шароити хизматрасонии он шинос гардид.

Гуфта мешавад, ки бинои асосии беморхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 190 ҳуҷра, шуъбаи кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллудхона, амрози даруна, ҷарроҳӣ ва дигар шуъбаҳо аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз маросими кушодашавӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони беморхонаи мазкур ду нақлиёти  ёрии таъҷилӣ туҳфа кардааст.

Тибқи иттилоъ дар шаҳри Норак ҳамагӣ 25 муассисаи тандурустӣ мавҷуд буда, дар онҳо беш аз 104 табиб кор мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...