Сафи муаллимон аз Русия дар мактабҳои Тоҷикистон зиёд мешавад

Дар соли нави хониш дар мактабҳои Тоҷикитсон 117 омӯзгор аз Русия дарс медиҳанд. Соли гузашта теъдоди онҳо 73 нафар буд, хабар медиҳад Маркази илму фарҳанги Русия “Русский дом” дар ҷумҳурӣ. Гурӯҳи аввали омӯзгорон – иштирокчиёни Лоиҳаи байнулмилалии Вазорати маорифи Русия “Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа” (Российский учитель за рубежом) аллакай ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо ба толибилмон […]

Asia-Plus

Дар соли нави хониш дар мактабҳои Тоҷикитсон 117 омӯзгор аз Русия дарс медиҳанд. Соли гузашта теъдоди онҳо 73 нафар буд, хабар медиҳад Маркази илму фарҳанги Русия “Русский дом” дар ҷумҳурӣ.

Гурӯҳи аввали омӯзгорон – иштирокчиёни Лоиҳаи байнулмилалии Вазорати маорифи Русия “Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа” (Российский учитель за рубежом) аллакай ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо ба толибилмон забони русӣ ва дигар фанҳоро бо забони русӣ дарс медиҳанд.

Гуфта мешавад, лоиҳа 27 мактаб дар 13 маҳаллаи аҳолинишини Тоҷикистонро фаро мегирад.

“Ғайр аз бевосита фаъолияти омӯзгорӣ, муаллимони русиягӣ дар мактабҳо лоиҳаҳои иловагии таълимиро роҳбарӣ ва барои интихоби касб ба хонандагон кумак карда, онҳоро ба олимпиадаҳо омода месозанд. Илова бар ин, онҳо ҳамроҳи омӯзгорони маҳаллӣ дар соҳаи омӯзгорӣ таҳқиқот гузаронида, дар таҳияи маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ иштирок мекунанд, – зикр кардааст роҳбари Маркази ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати маорифи Русия Сергей Малишев. 

– Ин як кори бузург аст, ки ба наздикшавии низомҳои таълими мо мусоидат мекунад», – зикр кардааст роҳбари Маркази ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати маорифи Русия Сергей Малишев.

Тоҷикистон аввалин кишваре шуд, ки дар он татбиқи лоиҳаи гуманитарии “Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа” оғоз ёфт. Дар соли таҳсили 2019/2020 бо даъвати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, гурӯҳи аввалини омӯзгорон аз Русия иборат аз 48 нафар ба Тоҷикистон омаданд. Давоми чанд сол ин лоиҳа қисми ҷудонашавандаи низоми таълимии Тоҷикистон гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио