Боздошти раиси “Арса” барои фиреби хоҳишмандони кор дар Британияи Кабир

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди кишвар раиси ширкати “Арса”-ро, ки бо ваъдаи ба Британияи Кабир фиристодан аз даҳҳо корҷӯи тоҷик беш аз ним миллион сомонӣ гирифтааст, боздошт кардааст. Дар ин бора сомонаи Оҷонсӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Қ. Одилов, директори генералии “Арса” дар шаҳри Душанбе ба қаллобӣ мутаҳҳам аст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба навиштаи ин ниҳод, Қ. Одилов “аз моҳи декабри соли 2023 то апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, дидаву дониста аз он, ки ҷамъияти ӯ бо ширкатҳои кортаъминкунандаи давлати Британия Кабир шартномаи ҳамкорӣ надорад, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кардан, аз шаҳрвандон аз 22 000 то 25 000 сомонӣ талаб карда гирифтааст”.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Одилов “дар маҷмӯъ зиёда аз 550 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, аз ҳисоби ин маблағ автомашинаи тамғаи ТОЙОТА “ЛЕНДКРУЗЕР” харидорӣ намуда, боқимонда маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф ва тасарруф кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло нисбати Одилов барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 3 банди “а”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Оҷонсӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, “дар сурати дидани зарари моддӣ аз кирдорҳои қаллобонаи Одилов Қ.М. бо ариза ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд”.

Мавқеи ширкат дар робита ба боздошти директори он маълум нест.

Дар 5 моҳи охир ин дуввумин раиси ширкат аст, ки барои фиреби корҷӯён дар Британияи Кабир боздошт шудааст.

Моҳи майи соли равон Иброҳим Аҳмадов, раиси ҶДММ “Даври истиқлол”, ки он ҳам бо ваъдаи ба Бритонияи Кабир бурдан аз даҳҳо корҷӯйи тоҷик пул гирифта буд, дастгир шуд.

Радиои Озодӣ навишт, ки ӯ ба “қаллобӣ” ва “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” муттаҳам аст. Як намояндаи ВКД гуфт, дар парвандаи ӯ ба камияш 147 кас ҷабрдида ҳастанд.

Ширкати “Даври Истиқлол”, барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон ҳам иҷозатнома надошт.

Дар пайи ин Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоияи нашр кард, ки ба ин ширкат додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба фиристодани муҳоҷирон ба кор ба хориҷи кишвар рад шудааст.

Ин ниҳод пайваста аз аҳолӣ даъват мекунад, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар хориҷа беҳтараш ба онҳо муроҷиат кунанд.

Қаблан, Сафорати Британияи Кабир низ чандин маротиба огоҳ карда буд, ки ба эълонҳои бардурӯғ (фейк) оид ба ҷалби шаҳрвандон, ба корҳои кишоварзӣ дар ин кишвар, ки вақтҳои охир зиёд шудааст, бовар накунанд.

Бояд зикр кард, ки Британияи Кабир яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз соли 2022 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Британияи Кабир ба ирсоли муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои кор дар ин кишвари аврупоӣ оғоз кард.

Танҳо дар 6 моҳи соли 2023 600 кас ба Британия барои кори мавсимӣ рафтанд.

Дар хусуси тарзи интихоб барои ирсол ва намудҳои кор аз матлаби “Имкони кори мавсимии ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Британияи Кабир” метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...