Дар ним сол беш аз 600 нафар барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд

Дар 6 моҳи соли ҷори 646 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд. Ин рақам соли 2022 386 нафарро ташкил мекард. Дар ин бора Қиёмиддин Давлатзода, муовин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба қавли Давлатзода, то ҳол беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар Британияи Кабир […]

Asia-Plus

Дар 6 моҳи соли ҷори 646 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд. Ин рақам соли 2022 386 нафарро ташкил мекард.

Дар ин бора Қиёмиддин Давлатзода, муовин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба қавли Давлатзода, то ҳол беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар Британияи Кабир ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд.

Бояд зикр кард, ки Британияи Кабир яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз соли гузашта Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистион дар якҷоягӣ бо мақомоти Британияи Кабир ба ирсоли муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои кор дар ин кишвари аврупоӣ оғоз кард.

Дар хусуси тарзи интихоб барои ирсол ва намудҳои кор аз матлаби “Имкони кори мавсимии ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Британияи Кабир” метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.

Зикр бояд кард, ки Британияи Кабир ягона самти нав барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон нест. Ҳамчунин, 10-уми октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи тоҷикистониён ба ин кишвар раҳсипор шуд.

Аммо баъдтар, Кореяи Ҷанубӣ пешниҳоди квота барои коргарон аз Тоҷикистонро ба таъхир гузошт. Сабаби чунин иқдом риоя нашудани қоидаҳои будубош дар ин кишвар аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик будааст.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Русия ҳамоно самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад.

Ба ҳолати семоҳаи охири соли равон 663 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи патент расман дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад кам аст.

Ҳамчунин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳо зерин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд:

Туркия – 99 нафар;

Латвия – 52 нафар;

Литва – 63 нафар;

Венгрия – 23 нафар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.