Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?

Кореяи Ҷанубӣ пешниҳоди квота барои коргарон аз Тоҷикистонро ба таъхир мегузорад. Сабаб чунин иқдом риоя нашудани қоидаҳои будубош дар ин кишвар аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик дар ҷараёни аввалин сафарбарии муташаккилона будааст. Рӯзи 10 октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар раҳсипор шуд. Ин нахустин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кореяи Ҷанубӣ пешниҳоди квота барои коргарон аз Тоҷикистонро ба таъхир мегузорад. Сабаб чунин иқдом риоя нашудани қоидаҳои будубош дар ин кишвар аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик дар ҷараёни аввалин сафарбарии муташаккилона будааст.

Рӯзи 10 октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар раҳсипор шуд. Ин нахустин ҳолати муҳоҷирати расмии кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея маҳсуб меёбад.

Имзои созишномаи оянда дар бораи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар ба натиҷаи аввалин сафарбарии муҳоҷирон вобаста буд.

Лекин натиҷаҳо барои коргарони Тоҷикистон хушбин нестанд, зеро беш аз нисфи муҳоҷирони корие, тирамоҳ фиристода шуда буданд, ба Ватан барнагашта, кори ғайриқонуниро афзалтар донистанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, айни замон 28 нафар коргарон аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доранд ва ин омил ҷараёни имзои созишномаи корӣ бо ин кишварро душвор мекунад.

“Тоҷикистон ба сафи кишвраҳое, ки аз онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ қувваи корӣ фиристода мешавад, шомил нашуд. Умедворем, ки рӯзҳои наздик ин масъала мусбат ҳаллу фасл мешавад, зеро созишнома аллакай имзо шудааст. Сипас дар бораи ҷудо гардидани квотаҳо сухан хоҳад рафт. Агар квотаҳоро ҷудо кунанд, раводиди корӣ ба муҳлати на 6 моҳ, балки ба мисли Британияи Кабир ба муҳлати 1 сол дода мешавад”, – гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷират.

Айни замон Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми иҷозатномаи ҷалб ба кори EPS (Employment Permit System) дар корхонаҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Корея тадбирҳо меандешад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз раҳбарияти ин ниҳод хабар доданд, моҳи майи соли ҷорӣ як ҳайати коршиносони кореягӣ бо мақсади омӯзиши низоми муҳоҷират ба Тоҷикистон ташриф овард, бо фаъолияти сохтору муассисаҳои дахлдори кишвари мо аз наздик шинос шуд.

“Яке аз мушкилот ва шарти асосии ворид шудани ҷониби Корея ба ин низом баргаштани шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Корея мебошад”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар ин робита Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони муҳоҷирони қонуншикан муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки онҳоро барои ба ватан баргаштан даъват кунанд. Вазорат ваъда медиҳад, ки баъди баргаштан “шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб нашуда, метавонанд бори дигар ба Корея сафар кунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.