Дилшод Назаров ба узвияти Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ шуд

Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 барои солҳои 2023-2027 ба ҳайси узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) ба Дилшод Назаров мактуби табрикотӣ фиристодааст. “Мувофиқи салоҳияте, ки моддаи 19 ва 24-и Конститутсияи OCA бароям […]

Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 барои солҳои 2023-2027 ба ҳайси узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) ба Дилшод Назаров мактуби табрикотӣ фиристодааст.

“Мувофиқи салоҳияте, ки моддаи 19 ва 24-и Конститутсияи OCA бароям додааст, ман аз пешбарӣ кардани шахси шумо ба ҳайси узви Раёсати OCA барои солҳои 2023-2027 хеле хушҳолам”, – омадааст дар мактуби Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ.

Президенти Шӯрои олимпии Осиё афзудааст, “умедворам бо шахсияти неки шумо барои пешбарӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Осиё ҳамкорӣ кунам”.

Бояд гуфт, ки ҳоло Дилшод Назаров ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016, ҳамчунин барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 ва барандаи 3 медали тиллои Бозиҳои осиёӣ аст.

Ҳамчунин, ӯ қаҳрамони 5-каратаи Осиё мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.