Имдодгарон ҷасади кӯдаки 12-соларо аз Канали Калони Ҳисор берун гирифтанд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар Ҳисор ҷасади як наврасро аз об берун гирифтанд. Гуфта мешавад, навраси 12-сола ҳангоми оббозӣ дар Канали Калони Ҳисор ғарқ шудааст. Рӯзи 16 июл пас аз баргузории корҳои ҷустуҷӯии душвор кормандони Кумита ҷасади наврасро пайдо намуда, онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост […]

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар Ҳисор ҷасади як наврасро аз об берун гирифтанд.

Гуфта мешавад, навраси 12-сола ҳангоми оббозӣ дар Канали Калони Ҳисор ғарқ шудааст.

Рӯзи 16 июл пас аз баргузории корҳои ҷустуҷӯии душвор кормандони Кумита ҷасади наврасро пайдо намуда, онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, доимо бо онҳо дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об ва оббозӣ накардан дар ҷойҳои манъшуда суҳбатҳо гузаронанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар 6 моҳи соли равон дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 нафар кӯдакону наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, сабаби асосии ҳалокшавии шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ва аз ҷониби калонсолон беназорат гузоштани кӯдакон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.