Ҳамсари “Абу-Довуд”-ро дар Русия ба 11 сол зиндон маҳкум карданд

Додгоҳе дар вилояти Ростови лаби Дони Русия Мадина Бондаренко, ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), ҷангҷӯйи тоҷики узви ДОИШ-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кардааст. Радио Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки ҳукми Мадина Бондаренко дар аввали моҳи август содир шуд. Ба иттилои ин расона, мақомоти Русия ба таври расмӣ ҳукмро шарҳ надодаанд, вале […]

Asia-Plus

Додгоҳе дар вилояти Ростови лаби Дони Русия Мадина Бондаренко, ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), ҷангҷӯйи тоҷики узви ДОИШ-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кардааст.

Радио Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки ҳукми Мадина Бондаренко дар аввали моҳи август содир шуд.

Ба иттилои ин расона, мақомоти Русия ба таври расмӣ ҳукмро шарҳ надодаанд, вале яке аз наздикони Мадина Бондаренко рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯро “ба узвият ба созмони террористӣ гунаҳкор донистанд”.

Мадина Бондаренко ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абӯ-Довуд, нафаре, ки дар Тоҷикистон барои узвият дар ДИИШ гунаҳкор ва ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст, мебошад. Ҳар дуи онҳоро якҷо бо чор кӯдакашон соли 2022 аз Туркия ба Душанбе оварданд.

Мадина Бондаренко осетин аст, шаҳрвандии Русияро дорад ва дар ин кишвар зери пайгард қарор дошт. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон соли гузашта ӯро ба Русия истирдод кард.

Манбаи Радио Озодӣ гуфтааст, ки Мадина узвияташро дар созмони террористӣ напазируфта, гуфтааст, “Абу Довуд” ӯро бо фиреб ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия бурд. Аммо Парвиз Саидраҳмонов ба муфаттишони рус дар Душанбе баёнот додааст, ки ҳамсараш аз аввал медонист, ки ӯ дар Сурия аст ва соли 2017 ихтиёрӣ ба назди ӯ омада буд. Ба гуфтаи наздикони Мадина, ҳамин шоҳидии “Абу Довуд” боис шудааст, ки ӯро 11 сол зиндонӣ кунанд.

Нафари огоҳ аз қазия гуфтааст, додрас дар содир кардани ҳукм фарзанди ноболиғ доштани Мадинаро ба эътибор нагирифт. Додгоҳ гуфтааст, се фарзанди ӯ (аз Парвиз Абдураҳмонов) шаҳрванди Русия нестанд ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар тарбияи давлат қарор доранд.

Як фарзанди дигари  Парвиз Абдураҳмонов аз ҳамсари тоҷики ӯ Ситора Фозилова аст, ки мактаб-интернат нигаҳдорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио