Дипломати тоҷик муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ таъин шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дипломати тоҷик Хусрав Нозирӣ муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) таъин шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз миёни намояндагони 14 кишвари аъзои ин Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи IOFS Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин Созмон интихоб гардид.

Хусрав Нозирӣ соли 1991 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчунин забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро низ медонад. Ҳамчунин рутбаи дипломатии сафири фавқулоддаи дараҷаи 2-юмро дорад.

Аз соли 2019 то соли 2021 Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва аз соли 2021 то моҳи августи соли 2024 ба сифати дабири Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) кор кардааст.

Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) – созмони байнулмилалии байниҳукуматиест, ки вазифааш – таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Остона воқеъ аст. Айни замон раёсат дар IOFS-ро Қазоқистон бар дӯш дорад.

Мудири кулли созмон дипломати қазоқ Берик Арин мебошад. Созмон 42 кишварро муттаҳид мекунад. Дар Осиёи Марказӣ Қазоқистону Тоҷикистон ва аз ҳамин сол Туркманистон аъзои комилҳуқуқи созмон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...