Дипломати тоҷик муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ таъин шуд

Дипломати тоҷик Хусрав Нозирӣ муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) таъин шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, аз миёни намояндагони 14 кишвари аъзои ин Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи IOFS Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин Созмон интихоб гардид. Хусрав Нозирӣ соли 1991 факултаи забонҳои […]

Дипломати тоҷик Хусрав Нозирӣ муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) таъин шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз миёни намояндагони 14 кишвари аъзои ин Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи IOFS Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин Созмон интихоб гардид.

Хусрав Нозирӣ соли 1991 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчунин забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро низ медонад. Ҳамчунин рутбаи дипломатии сафири фавқулоддаи дараҷаи 2-юмро дорад.

Аз соли 2019 то соли 2021 Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва аз соли 2021 то моҳи августи соли 2024 ба сифати дабири Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) кор кардааст.

Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) – созмони байнулмилалии байниҳукуматиест, ки вазифааш – таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Остона воқеъ аст. Айни замон раёсат дар IOFS-ро Қазоқистон бар дӯш дорад.

Мудири кулли созмон дипломати қазоқ Берик Арин мебошад. Созмон 42 кишварро муттаҳид мекунад. Дар Осиёи Марказӣ Қазоқистону Тоҷикистон ва аз ҳамин сол Туркманистон аъзои комилҳуқуқи созмон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.