Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ховалинг кадом иншоотро ба истифода дод?

Asia-Plus

Раисҷумҳур зимни сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахуст роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки дарозии роҳи мазкур 14,5 километр буда, корҳои сохтмони он аз аввалҳои моҳи майи соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ шуруъ шудааст. Роҳ бо маблағи 27,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Дар идомаи сафар дар ин ноҳия раисҷумҳур бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигулҳо ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки иншооти мазкур бо маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар масоҳати 500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар ин марказ, ки дар як минтақаи бекорхобида бо ҷалби 50 нафар муттахасисони маҳаллӣ бунёд гардид ба сокинони 12 деҳаи атроф, ки беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хадмат расонида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи мазкур, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти ҳавзи обсофкунӣ оғоз бахшид ва ҳамчунин бо фаъолияти ҶДММ “Тоҷ-Агро” шинос шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳавзи обсофкунӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ бунёд шудааст.

Ҳавзи мазкур дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ” бо ташаббуси ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд татбиқ гардидааст.

Обанбори мазкур дар муддати се сол бо ҷалби беш аз 400 нафар муҳандисону мутахассисони маҳаллӣ бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки паймонкори лоиҳа ҶСК “ТГЭМ” мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ аз заминҳои ҶДММ “Тоҷ-Агро” боздид карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Гуфта мешавад, ки  ҶДММ “Тоҷ-Агро” дар масоҳати 3 гектар замин барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусию тропикӣ, ду гармхонаи доимӣ бунёд кардааст. Хоҷагии мазкур дар маҷмуъ дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ доштааст, ки аз ин 22 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 50 гектари онро токзори ангур ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг рафта, бинои нави Беморхонаи марказиро ифтитоҳ кард ва бо шароит ва сифати хидматрасонии он шинос гардид.

Гуфта мешавад, ки беморхонаи мазкур дар доираи татбиқи “Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” бо маблағи 3 миллиону 410 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд шудааст. Кори сохтмонӣ бинои мазкур моҳи сентябри соли 2022 шуруъ гардида, моҳи августи соли 2024 ба анҷом расидааст.

Беморхона аз 3 бино – бинои асосии сеошёна, ду бинои дуошёна иборат аст. Дар он фаъолияти шуъбаи қабули калонсолон ва хурдсолон бо 80 кат ҳамчунин шуъбаҳои амрози дохила, ҷарроҳӣ, ёрии таъҷилӣ, таваллудхона, ёрирасон ва маъмурият барои хизматрасонӣ мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ховалинг айни ҳол 48 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо 374 табиб ва ҳамшираи шафқат ба 62 ҳазору 295 нафар аҳолии ноҳияи Ховалинг ёрии тиббӣ мерасонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...