Пулиси Ашт як занро, ки мехост кӯдаки якмоҳаашро фурӯшад, боздошт кардааст

Дар ноҳияи Ашт як зани 34 – сола, ки қасди фурӯхтани кӯдаки навзодашро доштааст, аз ҷониби пулиси ноҳияи мазкур боздошт гардидааст. Дар ин хусус дар барномаи ахбори ВКД пурра тафсилот дода шудааст. Дар ахбори ВКД омадааст, ки шаҳрванд Муқаддас Маддатоваи 34 – сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт бар ивази 15 ҳазор сомонӣ мехостааст […]

Дар ноҳияи Ашт як зани 34 – сола, ки қасди фурӯхтани кӯдаки навзодашро доштааст, аз ҷониби пулиси ноҳияи мазкур боздошт гардидааст. Дар ин хусус дар барномаи ахбори ВКД пурра тафсилот дода шудааст.

Дар ахбори ВКД омадааст, ки шаҳрванд Муқаддас Маддатоваи 34 – сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт бар ивази 15 ҳазор сомонӣ мехостааст кӯдаки навзодашро, ки рӯзи 1-уми август ба дунё омадааст, фурӯшад.

Пулиси ноҳияи Ашт рӯзи 17-уми август дар натиҷаи ташкили шароити идорашавандаи оперативӣ, баъди аз тарафи харидор 5 ҳазор сомонӣ ба унвони пешпардохт гирифтани зан, ӯро боздошт кардааст.

“Ман гуфтам, ки агар илоҷаш бошад панҷ ҳазор дода ист ҳозир, баъдан дар бораи боқимондааш гап мезанем. Гуфт дилатонро тахт гиред, ман медиҳам, шумо ҳам розӣ шавед, ман ҳам”, – нақл кардааст гумонбаршаванда.

Номбурда дар навор гуфтааст, ки кӯдак писар буда, ӯро як моҳи пеш ба дунё овардааст ва ба хотири вазъи бади молиявӣ ӯро мехостааст фурӯшад.

Тибқи маълумоти манбаъ, Муқаддас Маддатова чор маротиба шавҳар кардааст ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Як фарзандаш бо худи ӯ зиста, ду фарзанди дигараш дар интернат қарор доштааст. Як фарзанди дигараш ба фарзандхонӣ дода шудааст. Ӯ мехостааст фарзанди навзоди панҷумашро фурӯшад.

Ҳамакнун ӯро барои содир кардани кирдоре, ки дар моддаи 167-и Кодекси ҷиноятӣ (савдои кӯдакон) зикр шудааст, гумонбар аст. Ин банди қонунгузорӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.