Раиси Хадамоти амнияти Ӯзбекистон аз кишварҳои ИДМ ва СҲШ хост, Афғонистонро дар мубориза бо ДИИШ танҳо нагузоранд

Asia-Plus

Раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ хост, Афғонистонро дар мубориза бо “ДИИШ-Хуросон” (Вилояти Хуросон) дастгирӣ намоянд.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии УЗА, Абдусалим Азизов, роҳбари Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон ин нуктаро дар ҷараёни Конфронси даҳуми байналхалқии илмӣ-амалии Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ва Конфронси дуюми ИДМ оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, ки рӯзҳои 4-5 сентябр дар шаҳри Тошканд мегузарад, зикр кардааст.

Ӯ гуфтааст, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм аз кишварҳои мо иттиҳоди қувва ва чораҳои амалишавандаро талаб мекунад.

“Ҳукумати Афғонистон бо такя ба имконияту захираҳои худ ба терроризми байналмилалӣ мубориза мебарад. Хадамоти махсуси Афғонистон дар “хати пеш”-и мубориза бо ДИИШ қарор дорад ва ба натиҷаҳои муайян ноил шуда истодааст. Аз ин рӯ, набояд шарикони афғонистониро бо ин мушкилӣ танҳо гузошт ва дар такя ба усули “амнияти ҷудонопазир” душманро якҷо мағлуб кард”, – гуфтааст Абдусалим Азизов.

Ӯ таъкид кардааст, ки танҳо бо талошҳои муштарак, фаъолияти ҳамоҳангшуда, дар асоси эътимоди мутақобила ва табодули иттилооту таҷриба дар самти мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва муқобилат ба таҳдиди киберӣ метавон амнияту суботи давлатҳои аъзои созмонро ҳифз кард.

Бояд гуфт, гурӯҳи террористии “Вилоят Хуросон” як шохаи ДИИШ дар Афғонистон буда, дар ҷалби ҷавонони Осиёи Марказӣ ва роҳандозии амалиётҳои гуногуни террористӣ даст дорад. Аз ҷумла, масъулияти ҳамла ба “Крокус Сити Холл”-и Маскавро низ гурӯҳи мазкур ба зимма гирифтааст.

Толибон*, ки имрӯз зимоми қудрат дар Афғонистонро дар даст доранд, иддао мекунанд, ки бо гуруҳи террористии ДИИШ, аз ҷумла бо шохаи Вилояти Хуросони он мубориза мебаранд. Аммо аксари коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ Афғонистонро лонаи созмонҳои террористӣ меноманд, ки дар аҳди Толибон мавқеашонро тақвият медиҳанд.

Муттахассисон ва мақомоти бисёр кишварҳои минтақа низ мунтазам аз хатарҳои фаъолияти “ДИИШ-Хуросон” (“Вилояти Хуросон”) ва дигар созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд. Чанде пештар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, зимни суханронӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии СААД дар Алмато, зикр кард, ки “Афғонистон боз ба манбаи терроризм табдил ёфтааст ва дар ҳудуди он даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мавқеи худро мустаҳкам мекунанд”.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи августи соли 2021 Толибон* қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва аз он вақт инҷониб талош доранд, ки ба расмият шинохта шаванд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...