Ҳабси 2 корманди Маркази муҳоҷирати Сахарово дар доираи парвандаи қаллобӣ

Додгоҳи Таганскии шаҳри Маскав дар бораи ҳабси 2 корманди Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово қарор содир намуд. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и додгоҳҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия сухан меравад. Додгоҳ онҳоро ба муҳлати 2 моҳ – то 3 ноябр ба ҳабс гирифт. Боз як зани корманди Марказ ба ҳамин муҳлат ба ҳабси […]

Додгоҳи Таганскии шаҳри Маскав дар бораи ҳабси 2 корманди Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово қарор содир намуд. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и додгоҳҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия сухан меравад.

Додгоҳ онҳоро ба муҳлати 2 моҳ – то 3 ноябр ба ҳабс гирифт. Боз як зани корманди Марказ ба ҳамин муҳлат ба ҳабси хонагӣ фиристода шуд. Дар бораи ба гуноҳашон иқрор будани иштирокчиёни парванда хабар дода намешавад.

Ба тафтиши парванда Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия машғул аст. Тибқи фарзияи тафтишот, Абдулгапиз Мустапаев, Рудик Текнеҷян ва Олга Адакина дар Сахарово ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ба муҳоҷирон машғул шуда, барои ҳалли масъалаи ҳарчи зудтар фиристодани хориҷиён ба хонаҳояшон аз онҳо пул талаб мекардаанд.

Ин хидматрасонӣ 30 ҳазор рубл нарх доштааст. Ғайр аз ин, онҳо ба ивази 5 ҳазор имкони дидору вохӯриро ваъда мекардаанд.

Чанде пеш зимни кофтуков дар хона ва ҷойҳои кории иштирокчиёни парванда ашёву ҳуҷҷатҳое мусодира шудаанд, ба даст доштани онҳо дар ҷиноят ишора мекунанд. Ояндаи наздик ҳамчунин даст доштани онҳо дар ҷинятҳои ба ин монанд низ санҷида мешавад.

Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав чанде пеш хабар дод, ки иштирокчиёни парванда аллакай ба гирифтани на камтар аз 80 ҳазор рубл аз шаҳрвандони хориҷӣ фурсат ёфтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.