Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон имкониятҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон дар чаҳорчӯби кори форуми доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар, ки 4 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, Созишномаи ҳамкории дуҷониба имзо расониданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Палати савдо ва саноати Тотористон хабар медиҳад, ҳайати сершумори ин кишварро муовини нахуствазири Олег Коробченко роҳбарӣ мекунад. “Боиси хушнудист, ки ширкатҳои Тотористон ҳамкориҳоро бо […]

Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон дар чаҳорчӯби кори форуми доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар, ки 4 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, Созишномаи ҳамкории дуҷониба имзо расониданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Палати савдо ва саноати Тотористон хабар медиҳад, ҳайати сершумори ин кишварро муовини нахуствазири Олег Коробченко роҳбарӣ мекунад.

“Боиси хушнудист, ки ширкатҳои Тотористон ҳамкориҳоро бо шарикон аз Тоҷикистон густариш бахшида, сафари ҳайати мо тасдиқи ин гуфтаҳост, – иброз дошт зимни суханрониаш Коробченко. – Ман огаҳам, ки дар Тоҷикистон рӯйи таъсиси паркҳои технологӣ фаъолона кор мекунанд. Тотористон омода аст, ки ҳама таҷрибаи андӯхтаашро дар ин самт пешниҳод намояд”.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тотористон Шамил Агеев дар маросими ифтитоҳи форум муҳим будани кори дуҷонибаи палатаҳоро таъкид кард.

“Маҳз дар ҳамин гуна чорабиниҳо имконияти вохӯриҳои нав ва шиносоиро истифода бурдан лозим аст. Дар ҷаҳони муосир ҳодисаҳои ғайричашмдошт зиёданд ва мо омодаем, ки дар шароити номуайянӣ кор кунем. Вазифаи мо ин аст, ки ба шумо робитаҳоеро пешниҳод кунем, ки муфид хоҳанд буд, мо ба ин манфиатдорем ва омодаем, ки кор кунем”, – иброз доштааст ӯ.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар навбати худ зикр кардааст, ки ҳадафи аслии форум густариши ҳамкориҳо дар соҳаи саноати Тоҷикистону Тотористон, афзоиши сармоягузорӣ ва омодасозии кадрҳои нав мебошад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар доираи кори форум ҳамчунин гуфтушунидҳои В2В баргузор шуданд, ки дар онҳо намояндагони зиёда аз 60 корхонаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Тотористон ба Тоҷикистон то 6 сентябр идома меёбад. Дар чаҳорчӯби сафар шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва боздид аз корхонаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.