Хонаҳои нав ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ва Нуробод кадом иншоотро ифтитоҳ кард?

Date:

Имрӯз, 11-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Рашт, ноҳияҳои Сангвор ва Нуробод сафар кард. Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки дар ҷараёни сафар, раисҷумҳур дар ду ноҳия як қатор иншооти навро ифтитоҳ карда, ба 22 оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаҳои нави истиқоматиро супорид ва ҳамчунин бо роҳбарону фаъолони ҳарду ноҳия мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон сафари кориашро бо кушодани бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор оғоз кард.

Манбаъ менависад, ки бинои шуъбаи маориф се ошёнагӣ буда, бо  5 млн сомонӣ сохта шудааст. Бинои мазкур аз 10 ҳуҷраи корӣ бо 44 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳӣ аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар идома, раисҷумуҳур дар ноҳияи Сангвор бинои маркази савдо ва меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ифтитоҳ кард.

Тавре гуфта шуд, бинои меҳмонхона ва маркази савдо аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар ошёнаи якуми бинои мазкур мағозаи хӯрокворӣ, ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор ва дар қабати сеюму чоруми бино меҳмонхона мебошад.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Гуфта мешавад, ки меҳмонхонаи “Сайёҳ” аз тарафи соҳибкор Осим Сафаров сохта шуда, аз 10 ҳуҷра бо 15 ҷойи хоб иборат аст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Сангвор лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ карда, дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузошт.

Гуфта мешавад, ки Нишони давлатӣ, ки баландиии пояи он 25 метр аст дар маркази ноҳия дар муддати як сол сохта шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Тавре иттилоъ дода шудааст, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов сохта шудааст. Баландии муҷасама 5,3 метр буда, дар умум бо таҳкурсӣ 9 метр аст. Инчунин дар ду паҳлӯи муҷассама тандиси ду шер гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқот ва суханронӣ кард.

Раисҷумҳур гуфтааст, ки дар ноҳияи Сангвор сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо дар 30 иншоот анҷом шудааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки барои таъмини рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,1 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.

“Дар ноҳияи Сангвор то имрӯз 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳамчунин, дар ин давра ба ноҳия ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур, аз вазъи саноаткунонии ноҳия нигаронӣ карда гуфтааст, ки дар ноҳияи мазкур ҳамагӣ 5 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад ва ба ҳадафи саноатикунонии босуръат мутобиқат намекунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, вазъи рушди соҳаҳои нақлиёт, маориф ва тандурустиро дар ноҳияи Сангвор таҳлилу баррасӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дастуру супориш додаааст.

Дар идомааи сафар, раисҷумҳури кишвар дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бинои нави макатби №28-ро, ки барои 1280 хонандаро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки муассиса дорои 33 синфхонаву ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 190 ҷойи нишаст, китобхона, ҳуҷраи хониш ва толори варзишӣ аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Раисҷумҳур ҳамчунин дар шаҳраки мазкур бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ба истифода дод.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар ҷараёни сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон бинои мактаби ронандагии муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки бинои мазкур дар масоҳати 0,63 гектар замин бунёд шудааст ва корҳои сохтмонии он соли 2020 шуруъ гардидааст.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дорои ҳуҷраҳои таълими низомӣ ва ғайринизомӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхона ва ҳуҷраи машқи тирпаронӣ бо истифода аз технологияи муосири лазерӣ аст. 

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода дод.

Гуфта мешавад, ки тавассути обанбор 3 ҳазору 500  нафар аҳолии шаҳраки Дарбанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад.   

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод раисҷумҳури кишвар марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро ба истифода дод.

Тавре гуфта шудааст, боғи мазкур дар масоҳати 12,6 гектар бо маблағи 32 млн. 190 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и “Роғун” бунёд шудааст.

Дар боғи мазкур амфитеатр бо 250 ҷойи нишаст, чойхона барои 40 ҷой, қаҳвахона, 5 атраксион барои дилхушии кӯдакон, 8 айвончаи сояафкан, ду майдончаи варзишӣ, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, суҳбаткадаҳо сохта шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод ба 22 оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаҳои нави истиқоматиро супорид.

Гуфта мешавад, ки хонаҳои истиқоматӣ дар муддати қариб ду моҳ бунёд шуда, бо ашёи рӯзгор пурра таъмин буда, дорои 4 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошанд.

Ҳамчунин дар маҳаллаи навбунёд роҳҳои мошингард ва пиёдагард ба масофаи 900 метр, хатти барқ, об ва дигар инфрасохтори зарурӣ низ сохта шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот ва суханронӣ кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳур барои пешрафти ноҳияи Нуробод беш аз 4 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст, ки 1,5 миллиард сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ будааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки то имрӯз 87 лоиҳа ба маблағи 40 миллион сомонӣ татбиқ шудааст, ки ҳамагӣ 33 фоизи лоиҳаҳои умумии барномаро ташкил медиҳад, ки қонеъкунанда набудаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Ба таъкиди раисҷумҳури кишвар дар 2023 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи мазкур ба 315 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2022 ҳамагӣ 3 фоиз афзудааст. Ҳамчунин дар баробари ин, соли 2023 истеҳсоли картошка нисбат ба соли қаблӣ 19 фоиз, тухм 29 фоиз ва пилла 35 фоиз кам шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли маҳсулотии кишоварзӣ дар ноҳия Нурободро қонеъкунанда нест гуфта барои рафъи мушкилоти мавҷуда дастуру супориш додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...