Додгоҳ Ботир Қодировро писари Шералӣ Ҷӯраев эълон кард

Додгоҳе дар Ӯзбекистон даъвои Ботир Қодиров, овозхони ҷавони ӯзбек дар бораи он ки Шералӣ Ҷӯраев, овозхони шинохтаи Ӯзбекистон падари биологиаш аст, қонеъ кардааст. Писарони дигари Шералӣ Ҷӯраев ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ гуфтаанд. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад. Дар қарор гуфта шудааст, ки дар сутуни “падар”-и шаҳодатномаи таваллуди Ботир Қодиров навиштаи “Шералӣ Ҷӯраев, соли таваллуд–1945, […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Додгоҳе дар Ӯзбекистон даъвои Ботир Қодиров, овозхони ҷавони ӯзбек дар бораи он ки Шералӣ Ҷӯраев, овозхони шинохтаи Ӯзбекистон падари биологиаш аст, қонеъ кардааст. Писарони дигари Шералӣ Ҷӯраев ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ гуфтаанд. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.

Дар қарор гуфта шудааст, ки дар сутуни “падар”-и шаҳодатномаи таваллуди Ботир Қодиров навиштаи “Шералӣ Ҷӯраев, соли таваллуд–1945, миллат-ӯзбек” ҷой дода шавад.

Қарори додгоҳ баъди як моҳ эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва дар ин муддат ҷонибҳои норозӣ метавонанд ба додгоҳ шикояти кассатсионӣ баранд.

Зоҳиршоҳ Ҷӯраев, яке аз писарони марҳум Шералӣ Ҷӯраев баъди эълони ҳукм ба хабарнигорон гуфтааст, ки қарори ниҳоӣ ғайриқонунӣ буда, далелу исботи кофӣ вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки аризаи даъвогии овозхон Ботир Қодиров 19-уми марти соли 2024 ба суд ирсол гардид. Дар ариза Ботир Қодиров гуфта буд, ки Шералӣ Ҷӯраев падари биологии ӯ аст ва барои исботи ин гуфтаҳо далелҳои кофӣ низ дорад.

“Ман маҷбур шудам онҳоро ба додгоҳ кашам, зеро онҳо (Зоҳирҷон ва Шоҳҷаҳон Ҷураевҳо, писарони Шералӣ Ҷӯраве дар назар аст-муаллиф) бар зидди шаъну шарафи модарам сухан гуфтанд. Ман аз бародаронам чизе намехоҳам ва ба пулу мерос ниёз надорам”, – шарҳ дода буд ӯ.

Шералӣ Ҷӯраев Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, дар Тоҷикистон низ маҳбубият дошт. Ӯ 4-уми сентябри соли 2023 дар Тошканд вафот кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.