Гӯшту равған қимату орду тухм арзон. Соли равон нархи кадом маҳсулоти ғизоӣ боло рафт?

Давоми соли равон дар Тоҷикистон аксари маводи хӯрока нисбат ба соли гузашта гарон шудааст. Аз ҳама бештар нархи гӯшт ва меваю сабзавот афзоиш ёфтааст. Болоравии нархи гӯшт аз моҳи июл шуруъ шуд ва айни ҳол арзиши як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе 90 сомонӣ ва ва гӯсфанд 88 сомониро ташкил медиҳад. Ду моҳ қабл […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Давоми соли равон дар Тоҷикистон аксари маводи хӯрока нисбат ба соли гузашта гарон шудааст. Аз ҳама бештар нархи гӯшт ва меваю сабзавот афзоиш ёфтааст. Болоравии нархи гӯшт аз моҳи июл шуруъ шуд ва айни ҳол арзиши як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе 90 сомонӣ ва ва гӯсфанд 88 сомониро ташкил медиҳад. Ду моҳ қабл арзиши  як кило гӯшти гов аз 76-78 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 75-76 сомонӣ буд.

Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон нархи гӯшт дар як моҳ (июл нисбат ба июн) 13% ва нисбат ба соли 2023 қариб 30% афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2024 нархи гӯшти гов 13,3%, гӯшти гӯсфанд 10,8, моҳӣ 2,8%, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4%, равғани офтобпараст 4,5%, равғани пахта 0,5% қиммат шудааст. Дар нимсол нархи тухм 17%, орд 4,4% ва шир 3,6% арзон шудааст.

Ҳамчунин, танҳо дар як моҳи сол равон- июл нархи сабзавот аз қабили сабзӣ 10,4%, пиёз 8,9  карам 12,6%, чакка 11,1%, шакар 1,2 % боло рафтааст.

Тоҷирон сабаби боло рафтани нархҳоро дар бозор гарон шудани арзиши маҳсулот дар бозорҳои умдафурӯшӣ медонанд. Вале сокинон нигаронӣ мекунанд, ки соҳибкорон барои фоидаи бештар қасдан нархҳоро қимат мекунанд.

Хабарнигори “Азия‑Плюс” рӯзи 10-уми сентябр аз нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе дидан кард. Дар аксҳои зерин метавонед бо нархи маҳсулоти хӯрока дар пойтахт шинос шавед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.