Баррасии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва истирдоди ҷинояткорон. Мулоқоти Игор Краснов бо Юсуф Раҳмон

Asia-Plus

Игор Краснов, додситони кулли Русия, ки барои ширкат дар ҷаласаи 9-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба фасоди давлатҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон омада буд, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Дар мулоқот бо Юсуф Раҳмон, ки дирӯз, 19-уми сентябр сурат гирифт, ҷонибҳо дар масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули маълумоти фаврӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ибрози назар кардаанд.

“Қайд гардид, ки пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои дастаҷамъонаи дуҷониба натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба масъалаҳои болозикр ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд”, – навиштааст сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Дар идома байни ду ниҳод Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ба имзо расидааст.

Сомонаи Додситонии кулли Русия менависад, ки барнома, аз ҷумла, машваратҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои категорияҳои осебпазири иҷтимоӣ ва баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва экстремизм» пешбинӣ мекунад.

«Ман пурра бо мавқеи шумо дар бораи муттаҳид намудани кӯшишҳо дар соҳаи пешгирии амалҳои террористӣ розӣ ҳастам. Муҳим аст, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ тақвият ёбад, хусусан дар қисмати амалҳои муштарак барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба сафи радикалҳо», – гуфтааст Додситони кулли Русия. 

Ҳамчунин, Игор Краснов зимни мулоқот бо Сулаймон Султонзода "Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар самти муқовимат ба коррупсия"-ро ба имзо расонидааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти Додситонии кулли Русия хабар медиҳад, Краснов гуфтааст, ки ҳуҷҷати имзошуда «ба ҳамкории муштарак импулси нав мебахшад». Созишнома инчунин асоси ҳуқуқӣ барои иштироки кормандони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ дар Донишгоҳи додситонии Русияро ройгон таъмин мекунад.

Ба ҳайати Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия, ки ҷаласаи 9-умаш 19 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...