“Груз-200” аз Украина. Ҷасади ду тоҷики дигарро ба Ватан оварданд

Ҷасади ду тоҷики дигарро, ки дар ҷанг бо Украина аз ҷониби Русия ширкат мекарданд, ба Ватан оварданд. Дар ин бора “Настояшее время” бо такя ба тарҳи “Мигрант медиа” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳар ду фавтида зодаи ноҳияи Ишкошим буданд. Айни ҳол, журналистон шахсияти танҳо як нафари онҳоро муайян кардаанд. Ин нафар Содиқ Камбарови 36 сола будааст. […]

Ҷасади ду тоҷики дигарро, ки дар ҷанг бо Украина аз ҷониби Русия ширкат мекарданд, ба Ватан оварданд. Дар ин бора “Настояшее время” бо такя ба тарҳи “Мигрант медиа” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳар ду фавтида зодаи ноҳияи Ишкошим буданд. Айни ҳол, журналистон шахсияти танҳо як нафари онҳоро муайян кардаанд.

Ин нафар Содиқ Камбарови 36 сола будааст. Ба гуфтаи наздикон, мард дар Украина дар ҳайати артиши Русия меҷангид ва дар ҳамон ҷо кушта шуд. Расман, рӯзи фавти Камбаров 18 июл навишта шудааст.

Шахсияти нафари дуюмро ҳукумати ноҳия то ҳол эълон накардааст. Барои муайян кардани ин, “Мигрант медиа” ба ҳукумати ноҳия мактуби расмӣ ирсол карда, ҳоло посух нагирифтааст.

“Солҳои охир ҳар ду фавтида дар Русия зиндагӣ ва кор мекарданд. Бо эҳтимоли зиёд онҳоро маҳз дар ҳамон ҷо барои иштирок дар ҷанг ҷалб кардаанд” – хабар медиҳад “Настояшее время”. 

Ҳукумати ноҳияи Ишкошим дар навбати худ сокинонро аз хатари иштирок дар чунин ҷангҳо ҳушдор додааст.

"Омили дигаре, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, иштироки шаҳрвандони мо дар ҷангҳоаз ҷониби кишварҳои хориҷӣ мебошад. Ин хеле ташвишовар ва даҳшатнок аст. Амалҳои ҳамватанони мо обрӯи Тоҷикистон ва тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон паст мекунанд. Пеш аз ҳама, ин кори гуруӯҳҳои манфиатдори давлатҳои алоҳида аст, ки аз содалавҳӣ, камтаҷрибагӣ ва нодонии қисме аз ҷавонони мо истифода мебаранд», – менависад “Настояшее время” аз номи ҳукумати ноҳия.

Ба иттилои "Би-би-си" ва "Медиазона", ба ҳолати моҳи сентябри соли ҷорӣ 51 тоҷикистонӣ дар ҷанги Русия ва Украина кушта шудаанд. Шумораи умумии низомиёни фивтидаи Русия 68 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.