Як мард барои куштори зани ҳомилааш 25 сол равонаи зиндон шуд

Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора, Фирӯза Аҳмадзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкӯшӣ аз озодӣ маҳрум […]

Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора, Фирӯза Аҳмадзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкӯшӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми додгоҳ як моҳ пеш содир шудааст.

Эшонқулов ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март куштааст ва ба иттилои наздикон, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст.

Қаблан, яке аз наздикони зани кушташуда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.

Он замон сабаби куштор маълум набуд.

Ҳоло дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки сабаби куштор “рад кардани туҳфае будааст, ки шавҳараш аз Русия барои Сатторова овардааст, ки дар натиҷа Эшонқулов асабӣ шуда… дар пеши модар ва додараш ҳамсари ҳомилаашро бо  корди ошхона  мезанад”.

“Бар ҳадде бо бераҳмӣ ҳамсарашро бо корд мезанад, ки дастаи корд мешиканад. Эшоновқулов корди дуюмро оварда боз амалҳои қасдонаи худро давом медиҳад. Дар умум, бо зарби 73 корд ҳамсари ҳомиладорро аз ҳаёт маҳрум мекунад, ки 22 зарби корд дар қисми ҳаётан муҳим-гардан аст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Бояд гуфт, ки Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

Ёдовар  мешавем, ки ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар вилояти Суғд ҳодисаи нав нест. Дар як ҳафтаи охири моҳи август ду нафар бо гумони куштори ҳамсар ва хоҳари худ дар шаҳри Истаравшан боздошт гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.