Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд

Дар шаҳри Истаравшан як ҷавон хоҳарбузургашро бо корд кӯшта, “хушдор”-и ӯро захмӣ кардааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст. Манбаъ аз ин ҷавон Ҳукмиддин Салоҳиддинови 38-сола, сокини ҷамоати Гули сурхи шаҳри Истаравшан ном бурдааст, ки барои куштори хоҳарбузурги худ Шодиой Салоҳиддинова ва қасди […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Истаравшан як ҷавон хоҳарбузургашро бо корд кӯшта, “хушдор”-и ӯро захмӣ кардааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Манбаъ аз ин ҷавон Ҳукмиддин Салоҳиддинови 38-сола, сокини ҷамоати Гули сурхи шаҳри Истаравшан ном бурдааст, ки барои куштори хоҳарбузурги худ Шодиой Салоҳиддинова ва қасди куштори Шаҳзод Раҳимови 30-сола, марде, ки бо хоҳараш муносибат дошт, боздошт шудааст.

Ҳодиса 26-уми августи соли ҷорӣ дар хонаи саҳроӣ рух дода, ҷавон бо мақсади муҳокимаи муносибати хоҳараш бо Шаҳзод Раҳимови 30-сола ӯро ба мавзеи мазкур мебарад ва ӯро бо 9 зарби корд ба ҳалокат мерасонад.

“Гумонбаршуда махсус ин макони хилвати аз чашми мардум дур воқеъбударо интихоб мекунад, то бо Шаҳзод Раҳимови 30-сола муносибати ошиқона доштани хоҳарбузургашро муҳокима намояд. Аммо баҳси лафзӣ миёни апаву додар ба фоҷеаи хунин анҷомидааст” – шарҳ додааст ин ниҳод.

РВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, худи ҳамон рӯз, 26-уми август Ҳукмиддин Салоҳиддинов дар канори роҳи хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан бо корд ба гардани Шаҳзод Раҳимов мезанад ва ӯ аз дасти ҷавон раҳо хурда, ҷон ба саломат мебарад.

“Аз сабаби муносибати наздики “дӯстӣ” доштани онҳо оилаи хоҳарам вайрон шуд ва шавҳараш ӯро талоқ дод. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки он ҷавонро ҷазо диҳам”, -иқрор мешавад Ҳукмиддин Салоҳиддинов дар наворе, ки Раёсат пахш кард.

Нисбати Салоҳиддинов барои одамкушӣ ё моддаи 104-и парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин ҳодисаи хунини дуюм аст, ки ҳафтаи мазкур дар шаҳри Истаравшан рух додааст. Санаи 31-уми август Илҳом Раззоқови 26-сола ҳамсараш Баҳринисо Боқиеваи 22-соларо дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида, талош менамояд, ки ҳодисаро худкушӣ вонамуд созад.

Сабаби куштор фишори хушдоман ва фазои носолими оилавӣ гуфта мешавад.

Раззоқов ҳам дар боздошт буда, маълум нест, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.