Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-6 октябри соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳими сатҳи байнулмилалӣ миёни ҷудокорони наврас 17 нафар гӯштингирон намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаб варзишгарони зерин шомил шуданд: Лоиқ Қудбуддинов (60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (60 кг), Хайрулло Ғанизода (60 кг), Самиршо Муҳаббатов (66 […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-6 октябри соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳими сатҳи байнулмилалӣ миёни ҷудокорони наврас 17 нафар гӯштингирон намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаб варзишгарони зерин шомил шуданд: Лоиқ Қудбуддинов (60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (60 кг), Хайрулло Ғанизода (60 кг), Самиршо Муҳаббатов (66 кг), Умар Шеров (66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (81 кг), Суннатулло Мӯсоев (81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (81 кг), Мӯсохон Ғаниев (90 кг), Мусаммир Каримзода (90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (100 кг), Муҳсин Маллаев (100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг) ва Фараҳманд Устопириён (+100 кг).

То ҳол барои иштирок дар чемпионат аз 54 кишвар дархост расидааст. Дар рӯзи охирини рақобатҳо мусобиқаи омехтаи даставӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ин дуюмин чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки имсол дар Душанбе доир мегардад. Аввалин чорабинии чунин миқёс Dushanbe Grand Slam 2024 буд, ки моҳи май баргузор шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон мусобиқаи байнулмилалии сатҳи баландтарини ҷудо барои варзишгарони синнашон то 21 сола ва поинтар аз он маҳсуб меёбад.

Чемпионатҳо дар 1 сол 1 бор (ба истинои солҳои баргузории Бозиҳои олимпӣ) аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷудо гузаронида шуда, дар он ҷудокорон дар категорияҳои барояшон мувофиқ рақобат мекунанд.

Аз соли 2019 инҷониб дар чемпионатҳои ҷаҳон миёни наврасон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешаванд, ки ба имтиёзҳои Гран-прии IJF барои рейтинги ҷаҳонии калонсолон, инчунин имтиёзҳо барои наврасон дар рейтинги WRL баробаранд. Ин холҳо инчунин барои интихоб ба Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Тоҷикистон дар World Championships Juniors 2023 дар шаҳри Одивелаши Португалия иштирок кард. Дар ин мусобиқа 582 варзишгар 75 кишварро намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 9 варзишгар иборат буд.

Абубакр Шеров (73 кг) пас аз ғалаба бар варзишгари фаронсавӣ Элиот Прево ва баъдан варзишгари ҷопонӣ Кеито Кихара сазовори медали биринҷӣ гардид.

Чемпионати ҷаҳон-2023 байни ҷавонон дар доираи Силсилаи ҷаҳонии IJF ва марҳилаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии тобистонаи 2024 баргузор гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.