Аз $160 то 6600. Нархи иҷораи хона дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Бо оғози соли нави хониш донишҷӯён аз қимат шудани нархи иҷораи хона дар шаҳри Душанбе шикоят мекунанд. Афзоиши нарх пас аз омадани шумори зиёди шаҳрвандони Русия дар соли 2022 шуруъ гардид, ки пас аз эълони сафарбарии ҳарбӣ дар ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯй оварданд.

“Азия-Плюс” нархи иҷораи хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ дар Душанбе, Тошканд, Бишкек, Остона ва Ишқободро бо нархи баланд, миёна ва паст муайян кард.

Барои ин, мо 50 эълони хонаҳои 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ дар ин шаҳрҳоро, ки дар сомонаҳои пахши эълонҳо дар моҳҳои август ва сентябр нашр гардидаанд, таҳлил кардем.

Дар шаҳри Душанбе нархи иҷораи хонаи 1-ҳуҷрагӣ вобаста аз масоҳат ва шароити зарурӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна аз 160 то 360 доллар мебошад. Инчунин қимати хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва 3-ҳуҷрагӣ ба ҳисоби миёна аз 500 то 700 доллар мебошад.

Дар байни пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод нархи иҷораи хона нисбатан арзонтар аст. Дар ин шаҳр бо ҳисоби миёна бо 240 доллар хонаи 1-ҳуҷрагӣ бо масоҳати 40 метри мураббаъ ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти заруриро ба иҷора гирифтан мумкин аст. Ҳамчунин дар ин шаҳр ба ҳисоби миёна иҷораи хонаи 2-ҳуҷрагӣ 320 доллар ва 3-ҳуҷрагӣ 410 доллар мебошад.

Нархи баландтарин дар Остона ва Бишкек мебошад, ки ба ҳисоби миёна барои иҷораи манзили 1-ҳуҷрагӣ аз 440 то 520 доллар, 2-ҳуҷрагӣ аз 670 то 1520 доллар ва 3-ҳуҷрагӣ 1140 то 2130 доллар лозим аст.

Дар Тошканд низ нархи иҷораи хона тақрибан ба нархгузории шаҳри Бишкек наздик аст. Дар ин шаҳр ба ҳисоби миёна арзиши иҷораи хонаи 1-ҳуҷрагӣ 420 доллар, 2-ҳуҷрагӣ 700 доллар ва 3-ҳуҷрагӣ 1000 доллар вобаста аз масоҳат ва шароит муайян шудааст.

Маълумоти бештар оиди нархи иҷораи манзили истиқоматӣ дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказиро метавонед дар тасвир (карточка)-и зерин бинед:

Бояд гуфт, ки натиҷаи арзишҳои муайянкардаи мо бо таварруми доллару қурби асъори миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бароварда шудааст.

Таҳлили вазъ нишон дод, ки сабаби баланд шудани нархи иҷора дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама талаботи аҳолӣ ва меҳмонон ба хона ва оғози соли таҳсил аст, ки донишҷӯён аз минтақаҳо бармегарданд ва мехоҳанд, ки барои зист хона ба иҷора гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...