Пулиси Душанбе як ҷавонро барои латукӯби омӯзгор боздошт кардааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки омӯзгори худро латукӯб кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон Назаров Беҳзод ном дошта, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. "Номбурда санаи 19 сентябри соли ҷорӣ, дар дохили синфи донишгоҳи мазкур, омӯзгори фанни "Этика ва эстетика" Султонов Тоҳирро дашном дода, латукӯб кардааст", – […]

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки омӯзгори худро латукӯб кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон Назаров Беҳзод ном дошта, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад.

"Номбурда санаи 19 сентябри соли ҷорӣ, дар дохили синфи донишгоҳи мазкур, омӯзгори фанни "Этика ва эстетика" Султонов Тоҳирро дашном дода, латукӯб кардааст", – навиштааст РВКД дар шаҳри Душанбе.

Пулис шарҳи бештар надодааст, танҳо гуфта мешавад, ки номбурдаро барои содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардааст ва тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Назари худи дастгир шуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли таҳсили имсол раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён ба ҳукумат дастур дода буд, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро омода карда, ба парлумон пешниҳод кунад.

Раисҷумҳур аз мушкилоти сершумори соҳаи маориф изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки ба шарофати меҳнати садоқатмандонаи омӯзгорон наслҳое ба воя мерасанд, ки барои беҳбудии давлат ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум саҳм мегузоранд.

“Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст”, – таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки омӯзгоронро бояд дастгирӣ намуда, мавқеъ ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа афзоиш дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.