“Вазир имзо гузошт, бояд намоиш дода шавад!” Дар Душанбе мушкили театри тоҷикро ба саҳна гузоштанд

Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномае оғоз кард, ки мушкилоти театри тоҷикро инъикос мекунад. Намоишномаи “Симо ё ниқоб” зоҳиран як мазҳакаи сабук менамояд, вале асар ба мушкилоти печидаи соҳаи театр дар Тоҷикистон равона шудааст. Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Шодӣ Солеҳ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва драмматурги шинохта таҳия шуда, онро […]

Asia-Plus

Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномае оғоз кард, ки мушкилоти театри тоҷикро инъикос мекунад. Намоишномаи “Симо ё ниқоб” зоҳиран як мазҳакаи сабук менамояд, вале асар ба мушкилоти печидаи соҳаи театр дар Тоҷикистон равона шудааст.

Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Шодӣ Солеҳ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва драмматурги шинохта таҳия шуда, онро Нозим Меликов, коргардони номии тоҷик коргардонӣ кардааст.

Нахустнамоиши “Симо ё ниқоб” бо ҳузури ҳунармандон, устодон ва шогирдони Донишкадаи ҳунарҳои зебо рӯзи 21-уми сентябр манзур гардид ва нақшҳои асосиро Шаҳобиддини Ҳасан, Ғолиб Исломов ва Моҳпайкар Ёрова иҷро намуданд.

Мавзӯи “Симо ё ниқоб” раванди ба саҳна гузоштани як намоишнома аст. Намоиш аз он қисса мекунад, ки вазир сенарияи як намоишномаро имзо мекунад ва он бояд дар арафаи ҷашне ба саҳна гузошта шавад.

Вале коргардон дар Шӯрои бадеии театр вокуниш мекунад, ки сенария “хом” аст ва бояд аз нав коркард шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки роҳбари театр, ки чекчини бозор будаву бо кадом роҳе ба курсии роҳбарӣ нишастааст, пойфишорӣ дорад, то намоишнома дар ҳамон шакле, ки ҳаст, ба саҳна гузошта шавад.

Дар ин моваро намоишнома ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна системаи шахссолорӣ – “вазир гуфт”, “вазир имзо монд”, “вазир супориш дод” ба раванди эҷодии театр таъсир мерасонад.

Сарфи назар аз ин, беэътиноӣ ба андешаҳои коргардон нишондиҳандаи он аст, ки чӣ гуна дониши тахассусӣ ва таҷрибаи касбӣ дар муқобили хоҳишҳои ғайрикасбии роҳбарият арзише надоранд.

Саҳнаҳое, ки дар он ҳунарпешагон ба роҳбари театр хушомад мегӯянд, нишон медиҳанд, ки чӣ гуна роҳбарият на истеъдод, балки итоаткориро қадр мекунад.

Намоишнома ошкоро нишон медиҳад, ин ҳолат боиси он гардидааст, ки сатҳи умумии касбият дар театр пайваста паст шавад. Ин вазъ на танҳо ба обрӯи театр зарба мезанад, балки тамошобинро низ аз театр дур мекунад.

Перомуни ин мушкилоте, ки дар намоишномаи “Симо ё ниқоб” ба рӯи саҳна бароварда шуд, қаблан борҳо ҳунармандону коргардонони тоҷик нигаронӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.