“Инфрасохтори маҳдуд ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ”. Мавқеи поёнтари Тоҷикистон дар рейтинги рушди ҳукумати электронӣ

Asia-Plus

Тоҷикистон дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии рушди ҳукумати электронӣ (EGDI), ки аз ҷониби Департаменти умури иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ тартиб дода шудааст, миёни 193 кишвар ҷойи 123-юмро касб кардааст.

Индекс (шохис)-и феълии кишвар 0.5606 буда, аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки  0.6382-ро ташкил медиҳад, поинтар аст.

«Тоҷикистон дар беҳтар кардани хидматрасониҳои давлатии электронӣ бо мушкилот рӯбарӯ мешавад, ки сабаби он инфрасохтори маҳдуди рақамӣ ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ байни аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои деҳот мебошад», — омадааст дар гузориш.

EGDI як индекси мураккабест, ки сатҳи рушди рақамии кишварҳоро арзёбӣ мекунад. Он Индекси хидматҳои онлайн (OSI), ки дастрасӣ ва сифати хидматҳои давлатии электрониро месанҷад, Индекси инфрасохтори телекоммуникатсионӣ (TII), ки дараҷаи рушди заминаи техникиро инъикос мекунад ва Индекси сармояи инсонӣ (HCI)-ро, ки омодагии аҳолӣ барои истифодаи технологияҳои рақамиро нишон медиҳад, дар бар мегирад.

Дар муқоиса бо Тоҷикистон, ҳамсояҳо дар рушди рақамӣ хеле пешсафанд. Қазоқистон дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷойи 24-ум қарор дошта, босуръат платформаи «e-Gov»-ро рушд медиҳад ва доираи васеи хидматрасониҳои онлайн пешниҳод мекунад.

Ӯзбекистон дар зинаи 63-юм ҷой гирифта, стратегияи «Узбекистони рақамӣ 2030»-ро татбиқ мекунад, ки ба ҳамгироии технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳои идораи давлатӣ равона шудааст.

Қирғизистон дар ҷойи 78-ум қарор дошта, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳалли рақамиро фаъолона рушд медиҳад ва дастрасии шаҳрвандонро ба хидматрасониҳои давлатии онлайн беҳтар менамояд.

Русия дар ҷойи 29-ум қарор гирифта, барои беҳтар кардани хидматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба онҳо технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъиро фаъолона ҷорӣ менамояд.

Беларус дар ҷойи 41-ум қарор дошта, ҳамчунин ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва беҳтар кардани сифати хидматрасонии электронӣ барои шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

 

Интернети суст ва гарон

Сокинони Тоҷикистон доимо аз интернети суст ва гарон шикоят мекунанд, ки инро радабандии ҷаҳонӣ низ тасдиқ мекунад.

Дар радабандии Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи феврали соли 2024, Тоҷикистон аз охири рӯйхат зинаи 5-умро ишғол мекунад: ҷойи 139-ум байни 143 кишвари ҷаҳон. Дар радабандии навшудаи моҳи майи соли равон Тоҷикистон умуман дар рйхат нест. Сабаби дар ин рӯйхат шомил набудани Тоҷикистон ҳоло маълум нест.

Аз лиҳози интернети ноқилӣ бошад, Тоҷикистон байни 181 давлати саросари дунё дар мақоми 131-ум қарор гирифтааст.

Дар радабандии Mobile Data Affordability Index, ки дар он дастрасӣ ба интернети мобилӣ бо назардошти музди меҳнати миёна арзёбӣ мешавад, байни 179 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 163-ум ҷойгир шудааст.

Барои муайян кардани радабандии дастрасӣ ба маълумоти мобилӣ муаллифон арзиши миёнаи нақшаи тарифҳои моҳонаи телефони мобилӣ (13.77 доллар)-ро бо ҳаҷми маълумоти зиёда аз 10 ГБ бо музди меҳнати миёна (170 доллар) муқоиса кардаанд.

Аз ин бармеояд, ки барои харидани 10 ГБ интернет сокинон бояд 8% аз музди меҳнаташонро сарф кунанд.

Байни кишварҳои ИДМ аз лиҳози дастрасӣ ба интернети мобилӣ Русия зинаи 26-ум, Ӯзбекистон – 43, Арманистон – 55, Беларус – 61, Қазоқистон – 63, Қирғизистон – 90 ва Озарбойҷон – мақоми 114-умро касб кардаанд.

Афғонистони ҳамсоя аз рӯи дастрасӣ ба интернети мобилӣ ду зина аз Тоҷикистон боло – дар мақоми 161-ум қарор дорад.

 

Гузоришҳо дар бораи интернети суст дурӯғанд?

Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа рӯзи 24 июли соли равон ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои суръати паст ва арзиши баланди Интернет дар Тоҷикистон посухи мушаххас дода нашуд.

Рафиқҷон Шокиров, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамот изҳор намуд, ки суръати суст ва арзиши баланди Интернет дар Тоҷикистон “маълумоти бардурӯғ ва сохтакорӣ” аст.

Ӯ ба воқеияти ҳисоботи раддабандиҳои хориҷӣ дар бораи суръату арзиш ва дастрасӣ ба интернет шубҳа кард ва таъкид намуд, ки “дар ин ҳисобот ҳама омилҳо ба назар гирифта нашуда, онҳо барои аз зовияи бад нишон додани баъзе аз кишварҳо нашр мешаванд”.

“Дар ин гуна тадқиқот, маъмулан шумораи умумии аҳолии кишвар ба назар гирифта мешавад. Дар ин баробар, кӯдакони то 5-сола, ки қариб 2 миллион нафар аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва аз воситаи алоқа истифода намебаранд, аз ҳисоб хориҷ намешаванд” – гуфт Шокиров.

Ба андешаи ӯ, дар кишварҳои дигар кӯдакон ҳисоб намешавад, аммо “танҳо дар Тоҷикистон кӯдаконро ҳам ҳисоб мекунанд”.

Бино ба маълумоти Хадамот, айни замон 96,3%-и аҳолии кишвар бо алоқа таъмин карда шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...