Аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ. 40 зан дар Хуҷанд соҳиби гранти раиси шаҳр шуданд

Дар шаҳри Хуҷанд 40 зани ҳунарманд соҳиби гранти раиси шаҳр гардиданд.  Маблағи умумии грант 165 ҳазор сомонӣ буда, онро 22-уми сентябр Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд ба ғолибони озмун тақдим кард. Дар ин бора Зайнурахон Шарифова, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Хуҷанд ба “Азия-плюс” хабар дод. Ба иттилои манбаъ, роҳандозии озмуни грантӣ соли чорум аст тибқи […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд 40 зани ҳунарманд соҳиби гранти раиси шаҳр гардиданд.  Маблағи умумии грант 165 ҳазор сомонӣ буда, онро 22-уми сентябр Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд ба ғолибони озмун тақдим кард. Дар ин бора Зайнурахон Шарифова, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Хуҷанд ба “Азия-плюс” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, роҳандозии озмуни грантӣ соли чорум аст тибқи қарори раиси шаҳр ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосиаш рушди ҳунармандӣ миёни занон ва дастгирии онҳо мебошад.

Ба иттилои Зайнурахон Шарипова "озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкори шаҳри Хуҷанд, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд", пешбинӣ шудааст.

Ба 40 зани ҳунарманд аз 3 ҳазор то 8 ҳазор сомонӣ грант тақдим гардид: 

– 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ;

– 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ;

– 25 грант дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ.

Гуфта мешавад, ки ғолибони озмуни грантии раиси шаҳри Хуҷанд танҳо баъди хулосаи коммисияи озмун, ки ба таври пушида гузашт, маълум гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки барои дастгирии занону духтароне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, дар сатҳи президент ва раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ озмунҳои грантӣ баргузор мешавад, ки ҳамасола садҳо нафар онро соҳиб мегарданд.

Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти гранти президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ озмун эълон карда буд, ки он аз 20 грант ибора буда, ҳар яке 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ