Озмун барои 20 гранти президент. Ба куҷо муроҷиат бояд кард ва чӣ ҳуҷҷат лозим аст?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти гранти президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ озмун эълон кардааст. Он аз 20 грант ибора буда, ҳар яке 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин ниҳод гуфтааст, озмун “бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон” […]

Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти гранти президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ озмун эълон кардааст.

Он аз 20 грант ибора буда, ҳар яке 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, озмун “бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон” амалӣ мешавад.

Довталабон дар баробари ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла, ариза ба унвони раиси комиссия, маълумот дар бораи ҳунарманд, маълумотнома аз маҳалли истиқомат, инчунин, бояд ҳуҷҷати соҳибкорӣ ва лоиҳаи асосноккардашуда дар бораи самти фарогирии ҳунар манзур кунад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо танҳо бо забони давлатӣ қабул карда шуда, муҳлати пешниҳоди он аз 1-уми март то 1-уми апрели соли 2024 муқаррар шудааст.

Довталабон ҳуҷҷатҳоро метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ошёнаи 1, утоқи №8, ки дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ 5/2 ҷойгир аст, пешниҳод кунанд.

Телефонҳо барои тамос 2503239; 2503207 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тақрибан як ҳафта пеш, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои 2024 – 2026 барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳо 60 гранти Президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ таъсис дода шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳар як грант 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:

– дар соли 2024 – 20 грант ба маблағи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2025 – 20 грант ба маблағи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2026 – 20 грант ба маблағи 500 000 сомонӣ.

Барои босифат ва шаффоф иҷро кардани ин қарор дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон комиссияи салоҳиятдор таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ