Падаре, ки аз маблағҷамъкунӣ дар Литсей шикоят карду ба додгоҳ кашида шуд, мехоҳад тарки Тоҷикистон кунад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Падари як хонанда дар шаҳри Душанбе баъди шикояташ аз талаби ғайриқонунии маблағ, аз тарафи мудири як литсейи пойтахт ба додгоҳ кашида шудаст. Ӯ ба он гунаҳгор мешавад, ки гӯё мудири муассисаро “таҳқиру таҳдид” кардааст. Ин аз камтарин ҳодисаи шикояти волидайн аз пулҷамъкунӣ дар муассисаи таълимӣ аст.

Ҷамшед Аминов, як сокини пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфт, мудири Литсейи рақами 5, ки фарзандаш онҷо мехонад, талаб кард, ки маблағи дарсҳои иловагие, ки онро духтараш нахондааст, пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки ин маблағ дар асоси шартнома байни волидайн ва муассиса гирифта мешавад, ки ӯ онро измо накардааст.

“Ба ман ду маротиба нусхаи шартномаи дарсҳои иловагиро пешниҳод карданд, онро хондам ва гуфтам, ки фарзанди ман ба ин гуна дарсҳои ниёз надорад ва онро намехонад. Ҳамин тавр имзо накардем. Аммо боз ҳам ба воситаи кӯдакҳо ва ҳамсарам мегуфтанд, ки пули мактабро супоред”,-нақл кард Ҷамшед Аминов.

Вай гуфт, фарзандаш умуман дар дарсҳои иловагӣ иштирок намекард ва пас аз тамом шудани соати дарсӣ ба хона мерафт.

“Ба воситаи роҳбари синф маро мудир ба наздаш даъват кард. Ман рафтам. Баъди он ки гуфтам, ки фарзанди ман ба дарсҳои иловагӣ намеравад ӯ гуфт, ки “новобаста аз дарсҳои иловагӣ бояд пули мактабро супоред”. Таҳдид ҳам карда, гуфт, "агар пули мактабро насупоред имсол кӯдакатонро қабул намекунем”,-нақл кард ӯ.

Пас аз ин, рӯзи 6-уми июни соли равон Ҷамшед Аминов ба Додситонии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ нисбати мудири Литсейи рақами 5 шикоят кард.

Дар ариза гуфта шудааст, ки директори Литсейи рақами 5 Нарзиева Б. аз фарзандаш, ки синфи 3 мехонад, пули дарсҳои иловагиеро талаб кард, ки духатараш нахондааст.

Дар посухи додситонӣ, ки 9-уми июл ба унвонии Аминов ирсол шудааст, омадааст, ки “ваҷҳҳои дар ариза дарҷшуда тасдиқи худро ёфтанд”. Ин ниҳод ба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супориш додааст, ки директори литсейро ба ҷавобгарии интизомӣ кашанд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар асоси аризаи Додситониии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 2-юми август нисбати Бибисафия Нарзиева “чораи интизомӣ дар намуди сарзаниш иҷро гардидааст”.

Бо гузашти тақрибан як моҳ, рӯзи 30-юми июл Бибисафия Нарзиева бо аризаи даъвогӣ нисбати Ҷамшед Аминов ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кардааст.

“Дар ариза омадааст, ки гӯё ман ба мақомот нисбати Нарзиева арзу шикояти беасос кардаам ва дуввум дар гурӯҳи волидони хонандагон дар ватсап гапҳои бардуруғ ва дағалона гуфта шаъну шарафи ӯро паст задаам ва бо ин сабаб он кас бемор шуда, 10 ҳазор сомонӣ табобат гирифтаанд”,- гуфт Ҷамшед Аминов.

“Азия-Плюс” нусхаи аризаи даъвогии Нарзиеваро дарёфт кард, ки гуфта шудааст, ба хотири ҷуброни зарарҳои расида аз Ҷамшед Аминов ба фоидаи ӯ “дар умум 20 ҳазор сомонӣ рӯёнида шавад”.

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 20-уми сентябр барои ҳамсуҳбат шудан бо Бибисафия Нарзиева ба Литсейи рақами 5 рафт, вале мудир қабул накард ва нахост дар робита ба ин масъала бо мо сӯҳбат кунад.

Вакили дифои ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қазияро баъди хотимаи баҳси додгоҳӣ метавонад шарҳ диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Ғайратшоҳ Абдуллоев, як масъули Литсейи рақами 5 гуфтааст, ки маблағи дарсҳои иловагӣ дар Литсейи рақами 5 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян шудааст ва маблағи солонаи он 1 ҳазору 600 сомонӣ аст.

“…ин пул бар асоси қарордоде, ки миёни раҳбарияти таълимгоҳ ва волидон имзо мешавад, пардохт хоҳад шуд. Дар он ҳолат фарзандон метавонанд иштирок накунанд, ки аз саршавии дарсҳо ариза нависанд, ки фарзанди ман намехоҳад, ки дарс хонад. Дар ин сурат метавонад, ки аз дарсҳо озод шаванд. Ба мо Аминов чунин ариза нанавишт, ки фарзандонам аз дарс озод шаванд”, – гуфтааст Абдуллоев.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки баъди анҷом ёфтани мурофиаи додгоҳӣ назарашонро мегӯянд.

Аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳозир нашуданд, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд.

Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ аризаи директори мактабро чӣ гуна баррасӣ мекунад. Вале Ҷамшед Аминов рӯзи 16-уми август ҳуҷҷатҳои фарзандонашро аз Литсейи рақами 5 гирифтааст ва айни ҳол онҳо дар яке аз гимназияҳои шаҳри Маскав ба таври онлайн таҳсил мекунанд.

Ӯ гуфт, ки баъди ин иттифоқҳо намехоҳад дар Тоҷикистон бимонад ва фарзандонаш дар мактабҳои пойтахт хонанд. Вай тасмим гирифтааст, ки ҳамроҳи хонаводааш ба хотири таҳсили фарзандонаш ва ояндаи онҳо ба Русия муҳоҷират кунад.

“Вақте додситон тасдиқ карду ҷазо пешниҳод кард, аммо мудир боз ҳам кирдорҳои кардаашро ба гардан нагирифт, ман гуфтам ки дигар илоҷи инҷо истодан нест. Мо дигар ягона роҳро ба Русия рафта, ройгон таҳсил кардан мебинем",-гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки ин аз камтарин ҳолат дар Тоҷикистон аст, ки волидайн нисбати талаби ғайриқонунии маблағ дар мактабҳо вокуниш нишон дода ба мақомот шикоят мекунад. Дар бештари ҳолатҳо падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо нисбати хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр мекунанд.

Амир Ҷалолиддин, як намояндаи Вазорати маориф ва илм дар ток-шоуи “Рости гап”-и “Азия-Плюс”, мушкили ҷамъовари маблағ аз волидайнро дар мактабҳо тасдиқ карда, гуфта буд, ки талаби маблағ аз хонанда аз сӯи омӯзгор натанҳо дар доираи қонунгузорӣ, ҳамчунин аз нигоҳи ахлоқӣ падидаи номатлуб аст.

Зимнан, як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон маълум кардааст, дар мактабҳо барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, зодрӯзи омӯзгорон ва гузаронидани мулоқоту маросимҳои расмӣ маблағ ҷамъ мекунанд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар  дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сентябр аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.

"Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун, ба монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад", – гуфта буд раисҷумҳур.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...