Таҷлили рӯзи истиқлоли Арабистони Саудӣ дар Душанбе

Рӯзи 23-юми сентябр дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 94-умин солгарди таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Бо сухани шодбошӣ Валид ибн Абдураҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баромад кард. Ӯ аҳамияти ин рӯзро барои шаҳрвандони кишвараш зикр […]

Рӯзи 23-юми сентябр дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 94-умин солгарди таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Бо сухани шодбошӣ Валид ибн Абдураҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баромад кард. Ӯ аҳамияти ин рӯзро барои шаҳрвандони кишвараш зикр намуда, ёдовар шуд, ки соли 1932 асосгузори шоҳигарӣ, подшоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд қаламравҳои парокандаро муттаҳид намуда, як давлати тавоно таъсис дод.

Ӯ аз муносибатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон тавсиф карда гуфт, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо бар пояи дустию эҳтироми мутақобилаи роҳбарият ва халқҳои ду кишвар асос ёфта, Арабистони Саудӣ шарики рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

“Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз намудааст, то имрӯз як қатор лоиҳаҳоро бо маблағи 295 миллион доллар дар ин кишвар роҳандозӣ кардааст”,-зикр кард Абдураҳмон Ар-Решайдон.

Вай ҳамчунин, иттилоъ дод, ки Фонди Саудии Рушд марҳилаи чоруми бинои 34 мактаб дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ва оғози татбиқи марҳилаи панҷуми бинои 19 мактабро ба маблағи 20 миллион доллари ИМА оғоз кардааст.

Ӯ гуфт, ин фонд барои сохтмони НБО “Роғун” 100 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ моҳи январи 1992 Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистонро ба расмият шинохта, моҳи феврали 1992 муносибатҳои дипломатии худро барпо намуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.