Таҷлили рӯзи истиқлоли Арабистони Саудӣ дар Душанбе

Asia-Plus

Рӯзи 23-юми сентябр дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 94-умин солгарди таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Бо сухани шодбошӣ Валид ибн Абдураҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баромад кард. Ӯ аҳамияти ин рӯзро барои шаҳрвандони кишвараш зикр намуда, ёдовар шуд, ки соли 1932 асосгузори шоҳигарӣ, подшоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд қаламравҳои парокандаро муттаҳид намуда, як давлати тавоно таъсис дод.

Ӯ аз муносибатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон тавсиф карда гуфт, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо бар пояи дустию эҳтироми мутақобилаи роҳбарият ва халқҳои ду кишвар асос ёфта, Арабистони Саудӣ шарики рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

“Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз намудааст, то имрӯз як қатор лоиҳаҳоро бо маблағи 295 миллион доллар дар ин кишвар роҳандозӣ кардааст”,-зикр кард Абдураҳмон Ар-Решайдон.

Вай ҳамчунин, иттилоъ дод, ки Фонди Саудии Рушд марҳилаи чоруми бинои 34 мактаб дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ва оғози татбиқи марҳилаи панҷуми бинои 19 мактабро ба маблағи 20 миллион доллари ИМА оғоз кардааст.

Ӯ гуфт, ин фонд барои сохтмони НБО “Роғун” 100 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ моҳи январи 1992 Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистонро ба расмият шинохта, моҳи феврали 1992 муносибатҳои дипломатии худро барпо намуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...