Таъкиди вазири дифоъ як ҳафта пеш аз даъвати ҳарбӣ. Ғайриқонунӣ даъват накунед ва даст ба фасод назанед!

Asia-Plus

Як ҳафта қабл аз оғози даъват ба хидмати ҳарбии тирамоҳӣ дар Вазорати дифои кишвар масъалаҳои даъвати ғайриқонунии ҷавонон ба артиш ва пешгирии ришваситонӣ ҳангоми даъвати ҷавонон ба артишро баррасӣ кардаанд.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати мудофиа хабар додааст, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар барои ҷалби бештари ҷавонписарони солиму бардам ба сафи қувваҳои мусаллаҳ супориш додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷаласа баррасӣ шудаанд, интихобу фиристодани ҷавонони солиму бардам ба хидмат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, пешгирии содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои вобаст ба фасод буд.

Гуфта мешавад, ки вазир даъвати баҳории соли равонро таҳлил карда, аз як қатор камбудиҳои баъзе аз комиссияҳои даъватӣ нигаронӣ кардааст. Аммо дар хабар гуфта нашудааст, ки вуҷуди кадом камбудиҳо боиси нигаронии вазир гардидаанд.

Танҳо қайд шудааст, ки барои рафъи мушкилоти ҷойдошта вазир супориш додааст, ки масъулин баҳри хуб ба роҳ мондани даъват бо мардум ва ҷавонони синни хидматӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, ӯ ба комисариятҳои ҳарбӣ дастур додааст, ки барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ҳангоми муроҷиатҳои онҳо дар масъалаҳои марбут ба даъват чораҷӯйӣ кунанд.

Дар хабари вазорат гуфта шудааст, ки солҳои охир сафи ихтиёриён афзудааст ва бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд. Сабаби инро вазорат ба беҳтар шудани шароити хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ марбут донистааст.

Дар ҳамин ҳол мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо. Аммо маълум нест, ки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи мазкур ба ин мавзуъҳо таваҷҷуҳ кардааст, ё не.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ёдрас мешавем, ки 27-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони даъват барои хидмати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард. Тибқи он ҷавонони аз 18 то 27 солаи солҳои таваллуди 1997-2006 ба ратиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...