Нархи чипта 900 сомонӣ. Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ дигарбора барқарор шуд

Asia-Plus

Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанбе дигарбора барқарор шуд. Нахустин, парвоз рӯзи душанбе, 30-юми сентябр сурат мегирад. Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии  “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз мекунад.

Ба иттилои манбаъ, фурӯши чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ аз имрӯз, 27-уми сентябр оғоз гардида, нархи он 900 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард. 

Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат мегирад. Ин ҳавпаймо моли "Тоҷик Эйр" аст ва қаблан ҳам ба Хоруғ парвоз мекард. Он баъди таъмир дубора парвозро оғоз мекунад. 

Ба иттилои Шодмонзода, парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад.

Аз “Тоҷик Эйр” гуфтанд, парвоз ба ин масир аз вазъи ҳаво вобаста аст.

“Дар сурати хуб набудани боду ҳаво парвоз сурат намегирад ва аз ин ҳолат “Тоҷик Эйр” мусофиронро хабар хоҳад кард”, – гуфт роҳбари ин ширкат.

Дирӯз, 26-уми сентябр ҳавопаймои АН-28 баъди таъмир дар Душанбе як парвози санҷишии бомувафақона анҷом додааст.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли 2017 мутаваққиф шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри “Тоҷик Эйр” қарор дошт, анҷом дода мешуданд.

Мақомоти Тоҷикистон пештар изҳор дошта буданд, ки монеаи асосӣ барои барқарор намудани парвозҳо миёни Душанбе ва Хоруғ набудани ҳавопаймоҳои мувофиқ барои минтақаҳои кӯҳӣ мебошад.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода 24 июл дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки парвозҳо ба Хоруғро "Тоҷик Эйр" иҷро мекард, аммо ҳавопаймоҳои он, аз ҷумла ду АН-28, дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доранд.

Пештар муаррифии ҳавопаймои чехии L410 NG баргузор шуда буд, аммо Назарзода гуфта буд, ки хусусиятҳои он иҷозати иҷрои парвозҳои мунтазам дар ин масирро намедиҳад. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки дигар вариантҳои алтернативӣ барои харидории ҳавопаймои мувофиқ баррасӣ мешаванд.

Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки дар қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат мерасанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...