Эмомалӣ Раҳмон як хатти интиқоли барқи НБО “Роғун”-ро ба истифода дод

Имрӯз, 27-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории  худ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО “Роғун” то зеристгоҳи барқии “Роғун”-ро баъди навсозӣ ба истифода дод. Хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, ки иншооти мазкур бо дастгирии ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 миллион доллар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 27-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории  худ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО “Роғун” то зеристгоҳи барқии “Роғун”-ро баъди навсозӣ ба истифода дод.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, ки иншооти мазкур бо дастгирии ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 миллион доллар сохта шудааст.

“Баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад”, – навиштааст хадамоти матбуотӣ.

Ба иттилои манбаъ, зеристгоҳи мазкур барои бо барқ таъмин кардани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ шудааст ва бо таҷҳизоту техналогияи нав муҷаҳҳаз аст. Аз ҷумла, баъд аз навсозии зеристгоҳ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдат бо барқи доимӣ таъмин мешаванд.

Бояд гуфт, ки таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилии асосии Тоҷикистон аст. Қаблан, масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то неругоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар идома хоҳад дошт.

Аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё "лимит"-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома гуфта буд, ки сабаб камбуди об ва  “сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ” мебошад.

“Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад”, – омадааст дар муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хоста буд, ки “ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд.”

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.