Беҳтарин донандагони асарҳои Эмомалӣ Раҳмон маълум шуданд

Asia-Plus

Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба анҷом расид. Маросими ҷоизасупории он рӯзи 28-уми сентябр дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Дилшод Ниёзов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни донишҷӯён ва Гулнисои Муҳаммадҷон, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён миёни хонандагони коллеҷҳо соҳиби ҷойи якум ва 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Озмун дар 2 гурӯҳ – миёни донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо ва  миёни довталабон аз колеҷҳо баргузор шуд. Аз ҳар як бахш як нафар ҷойи якум, як нафар ҷойи дуюм ва ду нафарӣ ҷойи сеюм ба даст овардаанд.

Ба онҳое, ки ҷои 2-юмро соҳиб шуданд, 15 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки зинаи сеюмро гирифтаанд, 7,5  сомонӣ тақдим гардид.

Гуфта мешавад, ки ғолибони даври дуюми озмун (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми донишгоҳу донишкада ё колеҷ барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва  маълумоти дуюми олӣ ба ихтисоси интихобкардаашон бе супоридани имтиҳон ройгон қабул мешаванд.

Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар ду давр бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид. Даври якуми он аз моҳи май то сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҳо доир шуд. Даври дуюми озмун аз 24 то 28-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ гузашт.

Ҳадафи озмун “арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор”, омӯзиши “корнамоиҳои наҷиби сарвари давлат”, ва “дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон” гуфта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар “Рӯзи дониш” ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулии ғолибони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” сар аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100% зиёд кунанд. Ҳамакнун ғолибони ин се озмун баъди зиёд шудани мукофотпулиҳо чӣ қадар маблағ ба даст меоранд, дар ин матлаби мо хонед.

Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Дар ин матлаби мо “аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...