Беҳтарин донандагони асарҳои Эмомалӣ Раҳмон маълум шуданд

Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба анҷом расид. Маросими ҷоизасупории он рӯзи 28-уми сентябр дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи иттилои ин ниҳод, Дилшод Ниёзов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни донишҷӯён ва Гулнисои Муҳаммадҷон, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён миёни хонандагони коллеҷҳо соҳиби ҷойи якум ва 20 […]

Asia-Plus

Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба анҷом расид. Маросими ҷоизасупории он рӯзи 28-уми сентябр дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Дилшод Ниёзов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни донишҷӯён ва Гулнисои Муҳаммадҷон, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён миёни хонандагони коллеҷҳо соҳиби ҷойи якум ва 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Озмун дар 2 гурӯҳ – миёни донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо ва  миёни довталабон аз колеҷҳо баргузор шуд. Аз ҳар як бахш як нафар ҷойи якум, як нафар ҷойи дуюм ва ду нафарӣ ҷойи сеюм ба даст овардаанд.

Ба онҳое, ки ҷои 2-юмро соҳиб шуданд, 15 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки зинаи сеюмро гирифтаанд, 7,5  сомонӣ тақдим гардид.

Гуфта мешавад, ки ғолибони даври дуюми озмун (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми донишгоҳу донишкада ё колеҷ барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва  маълумоти дуюми олӣ ба ихтисоси интихобкардаашон бе супоридани имтиҳон ройгон қабул мешаванд.

Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар ду давр бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид. Даври якуми он аз моҳи май то сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҳо доир шуд. Даври дуюми озмун аз 24 то 28-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ гузашт.

Ҳадафи озмун “арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор”, омӯзиши “корнамоиҳои наҷиби сарвари давлат”, ва “дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон” гуфта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар “Рӯзи дониш” ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулии ғолибони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” сар аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100% зиёд кунанд. Ҳамакнун ғолибони ин се озмун баъди зиёд шудани мукофотпулиҳо чӣ қадар маблағ ба даст меоранд, дар ин матлаби мо хонед.

Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Дар ин матлаби мо “аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.