Боздошти як мард дар Душанбе бо гумони даст доштан дар амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғон

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 24-сола бо гумони даст доштан дар маҷбур кардани ҷавондухтарони ноболиғ ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ боздошт шудааст.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ромиш Султонзода , сокини пойтахт дастгир карда шуд.

“Муайян карда шуд, ки Султонзода бо роҳи таҳдид ва истифодаи зуроварӣ, се ҷавондухтари ноболиғро ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, дар баробари қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ, ҳамзамон онҳоро ҳамчун манбаи ба даст овардани маблағ истифода кардааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Милитсияи пойтахт аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надодааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда дар маркази дилхушии «Бухоро Палас», Ибодат Насриддинова, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо латукӯб намуда, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Дар хабари Раёсати ВКД зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба бо ҷурми авбошӣ суд шудааст

Ҷазо барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон

Тавре ки аз маълумоти оморӣ бармеояд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон на ҳамеша аз тамоми ҳолатҳои таҷовуз ва амалҳои бадахлоқӣ, аз ҷумла нисбат ба ноболиғон, бохабар мешаванд. Хешовандони қурбониён аксар вақт далелҳои зӯровариро пинҳон мекунанд, зеро ошкор шудани чунин ҳолатҳо, бахусус нисбат ба кӯдакон, метавонад ба канорагирии иҷтимоӣ аз худи ноболиғ ва падару модари ӯ дар ҷомеаи суннатии тоҷик боис гардад.

Дар ин робита, моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғонро сахттар кард. Ба моддаи 142 Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйирот ворид гардида, мувофиқи он, барои ҳаракатҳи бадахлоқона “нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида” аз 5 то 8 соли зиндон бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ шудааст. То ин замон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шуда буд.

Ғайр аз ин, дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии кишвар низ барои чунин ҷиноятҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) ба муҳлати аз 7 то 12 сол ва дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок – аз 12 то 25 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) ҷазои аз 7 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таъин шудааст. Дар моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) аз 2 то 10 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...