Метрои Душанбе зеризаминӣ мешавад. Тоҷикистону Корея бори дигар масъалаи сохтмони метроро баррасӣ карданд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бори дигар дар Душанбе гирдиҳам омаданд ва омодагиҳо ба сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд. Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрӣ рӯзи 27-уми сентябр бо ширкати Азим Иброҳим вазири нақлиёт, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдо, Фирдавс Саидзода муовини шаҳрдори Душанбе, Ҷон Сонг Шик сафири фавқулода ва мухтори Корея дар Тоҷикисто, Банг Мундҷин менеҷери ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея”, чанд корхонаи кореягӣ, ки ба сохтмони метро ҷалб шудааст, инчунин,  мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёти ҳарду кишвар баргузор шуд.

Азим Иброҳим гуфтааст, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани аҳолии пойтахт ва меҳмонони он вобастагӣ дорад.

Ба таъкиди ӯ, сохтмони метро аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пешгирӣ мекунад.

Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ мебошад”,-таъкид кардааст ӯ.

Вазир ҳамчунин изҳор доштааст, ки сохтмони метрои зеризаминӣ дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе низ пешбинӣ гардидааст.

Дар бораи макони бунёди роҳи зеризаминӣ маълумот дода нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ки корҳои сохтмони метро кай оғоз мегардад.

Дар ҳаимн ҳол, қаблан Раҳим Бобозода, муовини  вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки аз Дарвозаи ҷанубӣ (самти минтақаи Бохтар) то бинои Сирки давлатӣ бунёди метрои рӯизаминӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2019 як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки нахустин хатти рӯйизаминии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Ин бори аввал нест, ки коршиносони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе м ҷамъ омада натиҷаҳои марҳилаи аввали имкони сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Қаблан, низ онҳо чанд маротиба гирдиҳам омада дар бораи чӣ гуна метро – зеризаминӣ ё рӯизаминӣ шудани онро баррасӣ карда буданд.

Бояд гуфт, ки 1-уми марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея”, дар хусуси ҳамкории ҳамаҷониба дар лоиҳаҳои рушди роҳи оҳан дар Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи метрои шаҳри Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Баъдан 22 августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ («Эксимбонк») ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метрополитен дар Душанбе ёддошти тафоҳум ба тасвиб расониданд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки инчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ  маблағгузорӣ кунанд.  

Гуфта мешавад, Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...